Имрӯз дуюм рӯз аст, ки дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, бахшида ба даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар АМИТ семинари васеъи илмӣ давом дорад.
Дар семинар академикону докторон ва номзадони илму ходимони илмӣ ва доктарантону магистирон иштирок варзиданд.
Дар чорабинӣ шахсони зерин баромад мудири шӯъбаи алгебра ва назарияи ададҳо ва топология н.и.ф.м. Назрублоев Н.Н.-“ Касрҳои занҷирӣ ва тадбиқи онҳо”
н.и.ф.м ходими калон ва муаллифи китобҳои мактабӣ аз фанҳои риёзӣ Шарифзода А. – “Методи пешниҳоди курси математика барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ”, мудири шӯъбаи математикаи таҳрезӣ н.и.ф.м. Сафарзода Э. - “Суммирони мутлақи қаторҳои тригонометрии дучанда”, ходими калони илмӣ н.и.ф.м. Раҳмонов Ф.З. - “ Распределение дробных долей многочлена от простых чисел” ва якчанд нафар магистрону доктарантон бо мавзуҳои илмиашон баромад намуданд.
Баъд аз он, д.и.ф.м. профессор Ҷангибеков Г. оиди пешрафти математика дар ҷаҳони муосир ва дастовардҳои математикони тоҷик суханрони намуда, семианри илмиро давом доданд.