Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТАШКИЛИИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ ДАР СОЛИ 2025

Имрӯз, 04 декабри соли 2025, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии муассиса дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ноиби Президенти АМИТ, мудири шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ — доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии шуъба — доктори илмҳои техникӣ, академики АБТА Абдулазиз Абдуллофизович Ғаффоров иштирок варзиданд.

Сараввал ҷаласаро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О. ифтитоҳ намуда, доир ба дастовардҳои илмӣ, корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои амалишуда ва саҳми олимони институт дар рушди илмҳои математикӣ дар соли 2025 гузориш доданд. Дар баромади худ ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи ин пешрафтҳо ва натиҷаҳои назаррас дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таваҷҷуҳи бевосита ва ҳидоятҳои созандаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба рушди илмҳои дақиқ ба даст оварда шудаанд. Раҳимзода А.О. зикр намуданд, ки сиёсати илмпарваронаи роҳбарияти кишвар барои олимон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, ба рушди инфрасохтори илмӣ, густариши пажӯҳишҳои муосир ва тарбияи насли нави муҳаққиқон шароити мусоид муҳайё сохтааст.

Сипас Амонзода И.Т. бо таҳлили натиҷаҳо дастовардҳои Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраевро нисбат ба соли гузашта муқоиса намуда, аз пешравиҳои назаррас дар нашри мақолаҳои илмӣ, рушди корҳои таҷрибавӣ, иштироки фаъолонаи олимон дар конференсияҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навин сухан ронданд.

Ҳисоботи солонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ аз ҷониби ноиби Президенти АМИТ, меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласа баҳои баланд гирифта, фаъолияти муассиса дар соли 2025 самаранок, босифат ва ҷавобгӯи талаботи муосир арзёбӣ гардид.