Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ТАҲЛИЛИ ИҶРОИ НАҚШАҲОИ ИНФИРОДИИ КОРМАНДОНИ (ҲАМКОРОН) ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 10-уми декабри соли 2025, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ҷаласаи корӣ бахшида ба таҳлили иҷроиши нақшаҳои инфиродии ҳамкорони (беруна) Институт баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О. ифтитоҳ намуда, сараввал ҳамагонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Зимнан, Раҳимзода А.О. ҳамчунин табрикоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х.–ро ба иштирокчиён расониданд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти Академия фаъолияти илмии муассисаҳои таҳқиқотиро ҳамеша дастгирӣ намуда, иҷрои босифати нақшаҳои инфиродӣ, таҳқиқоти соҳавӣ ва робитаҳои байналмилалиро яке аз самтҳои муҳимми рушди илми кишвар мешуморад. Академик Хушвахтзода ба кормандон ва ҳамкорони беруна комёбиҳои нави илмӣ, пешрафти минбаъда ва фаъолияти созандаро орзу намуда, муҳимияти ин ҷаласаро дар самти боло бурдани сатҳи таҳқиқотҳои риёзӣ махсус зикр карданд.

Сипас, ҷараёни иҷроиши нақшаҳои инфиродии ҳамкорони беруна мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барои ҳар як ҳамкор пешниҳоди ҳисобот, натиҷаҳои анҷомёфта, камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои беҳсозии фаъолият бодиққат таҳлил карда шуданд. Дар ин раванд пешниҳодҳои созанда, тавсияҳои методӣ ва вазифаҳои минбаъда барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва амалии институт ироа гардиданд.

Баъд аз анҷоми ҷаласа, семинари илмӣ баргузор шуд. Дар ин семинар директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. бо маърузаи илмии худ баромад намуда, доир ба масъалаҳои муҳими риёзиёт, тамоюлҳои нави таҳқиқотӣ ва дурнамои рушди илмҳои дақиқ маълумоти муфассал пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Чорабинӣ дар фазои кориву илмии созанда баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкории беруна ва боло бурдани самаранокии фаъолияти илмӣ такони нав бахшид.