Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боз як чорабинии муҳиму хотирмон баргузор гардид, ки он бо иштироки насли ҷавону болаёқати кишвар ранги тоза касб намуд.

Имрӯз, 9 апрели соли 2026, меҳмонони гиромӣ — хонандагони гимназияи хусусии «Тоҷикистон», инчунин аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз бахшҳои математика ва информатика, таҳти роҳбарии устодон Шарифзода М.С. ва Саддриддинов П.Б. ба Институт ташриф оварда, бо лоиҳаҳои илмӣ ва маърӯзаҳои тадқиқотии худ баромад намуданд.

Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва ҳамзамон пур аз рӯҳияи илмдӯстӣ баргузор гардида, ҳар як баромад гувоҳи равшани дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури таҳлилгаронаи иштирокчиён буд. Хонандагон ва аъзоёни Академияи хурди илмҳо бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун баромад намуда, дар самтҳои математика, информатика, технология ва инноватсия натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ карданд.

Лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо навоварӣ, асоснокии илмӣ ва аҳамияти амалӣ фарқ намуда, таваҷҷуҳи олимону мутахассисони ҳозирро ба худ ҷалб карданд. Иштирокчиён бо ҷасорат ва эътимоди баланд баромад карда, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои дақиқу қонеъкунанда доданд, ки ин ҳама аз сатҳи баланди омодагии онҳо дарак медод.

Қобили зикр аст, ки раванди баромади хонандагон ва баргузории чорабиниҳои даҳаи илм таҳти роҳбарии мудири шуъбаи таҳрезии математикӣ Гулбоев Бахтиёр ба роҳ монда шуда, бо сатҳи баланди ташкилӣ ва мазмунӣ амалӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, ба фаъолияти илмии хонандагон баҳои баланд доданд. Мавсуф зикр карданд, ки чунин ташаббусҳо барои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас заминаи устувор мегузоранд.

Ҳамзамон, Гулбоев Бахтиёр — мудири шуъбаи таҳрезии математикӣ бо суханони пурмеҳру самимӣ ва илҳомбахш ҷавононро ба роҳи илм ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки ояндаи илми тоҷик маҳз ба дасти чунин насли зеҳнӣ ва кӯшишгар вобаста аст. Ӯ афзуданд, ки бо заҳмату талоши пайваста, муҳаббат ба дониш ва садоқат ба Ватан, ҷавонон метавонанд дар оянда олимони барҷаста гардида, саҳми арзандаи худро дар рушди илми миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ гузоранд.

Дар фазои тантанавӣ ба ҳамаи иштирокчиён ифтихорномаҳо супорида шуда, барои иштироки фаъолона ва баромадҳои арзандаашон қадрдонӣ гардиданд.Чорабинӣ бо эҳсоси ифтихор, рӯҳбаландӣ ва умеди нек ба фардои дурахшони илми тоҷик анҷом ёфта, бори дигар собит намуд, ки насли ҷавон идомадиҳандаи арзандаи анъанаҳои илмии кишвар мебошад.