Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶУРАЕВИ АМИТ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати рушди илмҳои бунёдӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, 18 июни соли 2026 соати 09:30 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

Кори семинарро муовини директор оид ба илм ва таълими Институт, доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х. ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти семинарҳои илмӣ дар рушди таҳқиқотҳои муосир, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ибрози назар намуданд.

Дар идомаи семинар Ҷаборов Усмон Аҳмадович, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Назарияи эҳтимолият оид ба вобастагӣ ва новобастагии ҳодисаҳо» баромад намуда, масъалаҳои муҳими назарияи эҳтимолият, хусусиятҳои вобастагӣ ва новобастагии ҳодисаҳо, инчунин баъзе ҷанбаҳои назариявию амалии мавзӯъро мавриди таҳлил қарор дод.

Пас аз анҷоми маърӯза муҳокимаи илмӣ баргузор гардида, иштирокчиён оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуданд. Дар баҳсҳои илмӣ Халилов Ш.Б., Қобилов М.М., Гулбоев Б.Ҷ. ва Садриддинов П.Б. баромад намуда, андешаҳо ва пешниҳодҳои судманди худро иброз доштанд.

Дар фарҷоми семинар директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, аҳамияти мавзӯи баррасишударо барои рушди таҳқиқотҳои илмӣ таъкид кард ва ба маърӯзачӣ барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуд.

Семинар дар фазои созандаи илмӣ ва муҳокимаҳои судманд баргузор гардида, барои густариши донишҳои назариявӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқот дар соҳаи математика заминаи мусоид фароҳам овард.