Рӯзи 27 июн дар таърихи муосири Тоҷикистон мақоми беназир дорад. 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба ҷанги шарҳванди хотима дода шуда, заминаи сулҳу субот ва рушди устувори давлат фароҳам гардид.
Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷомеаи тоҷик на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши волои фарҳангӣ, маънавӣ ва тамаддунӣ мебошад. Ин мафҳум бозтоби хиради халқи куҳанбунёди тоҷик аст, ки дар тӯли асрҳо зери шиори «Якпорча будан — нерӯмандӣ» зиндагӣ кардааст.
Аз нигоҳи илмии академӣ, ваҳдати миллӣ падидаи бисёрҷанбаи иҷтимоию сиёсӣ буда, ягонагӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ, мутақобилшиносии фарҳангӣ ва иродаи муштараки шаҳрвандӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумии миллиро дар бар мегирад.
Солҳои 1992–1997 яке аз сиёҳтарин саҳифаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо хисороти азими инсонӣ ва иқтисодиро ба бор овард, балки бунёдҳои иҷтимоии ҷомеаро низ хароб намуд. Аз ин рӯ, ба даст овардани сулҳ вазифаи фавриву таърихӣ ба шумор мерафт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сулҳу суботи кишвар нақши беназир доранд. Аз рӯзҳои аввали раҳбарияти кишвар, ки бо шароити ниҳоят вазнини ҷанг ва бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ буданд, Пешвои миллат роҳи муколамаро ихтиёр карданд.
Дар давоми беш аз се соли музокироти байни тоҷикон ҳуҷҷатҳои зиёде таҳия ва ба имзо расиданд, ки ин равандро ҳамоҳанг намуда, ҳамчунин барои тадбирҳои минбаъда замина гузоштанд. Пас аз анҷом ёфтани ин раванд бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997, давраи дуюми он – амалӣ намудани санадҳои қабулшуда пеш омад, ки барои ин Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт ва дар давоми қариб то се соли дигар вазифаҳои худро ба иҷро расонид.
Ташаббуси стратегии Президент дар ба роҳ мондани гуфтушунидҳо бо мухолифин ва имзои Созишномаи умумӣ нишондиҳандаи хирад ва масъулиятшиносии баланди давлатдорӣ мебошад. Маҳз тавассути ин иқдом, Тоҷикистон аз доираи бӯҳрон берун шуда, ба роҳи рушди устувор қадам гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу суббот дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ваҳдати миллӣ дар ин раванд ҳамчун дастовард ва ҳамчун шарти пешравӣ нақши бунёдӣ мебозад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз минтақаҳоест, ки зиёдтар аз дигар навоҳии кишвар аз оқибатҳои вайроновари бӯҳрони сиёсӣ азият кашид. Дар ин шароити ниҳоят мураккаб, ташкилу фаъолияти ҳаракати «Ваҳдати миллӣ» дар сатҳи маҳаллӣ аҳамияти калони амалӣ пайдо кард.
Банда, аз соли 1998 то 2005 ба ҳайси Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба ӯҳда доштам ва мамзамон Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ будам. Ин давра бо вазифаҳои бисёрсоҳавии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ будам.
Дар ин давраи як қатор вазифаҳои стратегӣ амалӣ гардиданд:
— Ташвиқу тарғиби арзишҳои ваҳдат дар байни аҳолии вилоят, бо дарназардошти вижагиҳои этникӣ, фарҳангии минтақа;
— Дастгирии иҷрои Созишномаи умумӣ ва таъмини фаъолияти ҳамаҷонибаи сохторҳои Комиссияи оштии миллӣ дар ВМКБ;
— Ташкили чорабиниҳои оммавӣ, нишастҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои ваҳдатпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;
— Ҳамоҳангсозии кор байни сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарафҳои собиқи мухолиф ба манфиати ҳамгироӣ;
Фаъолияти ин давра нишон дод, ки раванди ваҳдатсозӣ дар миқёси маҳаллӣ низ ба шахсиятҳои масъулияшинос, иқтидорманд ва ватандӯст ниёз дорад.
Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлатӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз нишондиҳандаи дастоварди бузурги сиёсӣ — пирӯзии муколама ва хирад бар зиддият мусаллаҳона буда, насли наврасро ба арзиши сулҳу ваҳдат тарбия мекунад.
Насли ҷавон — вориси ин дастовард аст. Ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки мактаби маънавии миллат аст. Ин дастовард бо заҳмати раҳбарияти кишвар бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон, иштироки мардуми сарбаланди тоҷик ва кӯшиши ниҳодҳои ҷамъиятие амалӣ гашт, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳаракати ваҳдат хизмат карданд.
Мо, ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон ва иштирокчиёни раванди ваҳдатсозӣ дар минтақаҳои гуногун, ӯҳдадорем ки ин мероси гаронбаҳоро нигоҳ дорем, онро аз насл ба насл интиқол диҳем ва дар ҳар лаҳзаи ҳаёти ҷамъиятӣ садои ваҳдатро баланд нигоҳ дорем.
М. Ш. Шабозов - Раиси Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ дар солҳои 1998-2005

