Имрӯз 9-уми апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, бахшида ба даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар АМИТ семинари васеъи илмӣ баргузор гардид.
Дар семинар ноиби Президенти АМИТ, мудири шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур, олимони соҳибмактаб академики АМИТ, д.и.ф.м., профессор Шабозов М., академики АМИТ, д.и.ф.м., профессор Раҳмонов З.Ҳ., узви пайвастаи АМИТ д.и.ф.м., профессор Исҳоқов С.А., д.и.ф.м., профессор Джангибеков, д.и.ф.м., профессор Курбанов И. ва академикону докторон ва номзадони илму ходимони илмӣ ва доктарантону магистирон иштирок варзиданд.
Ин семинари илмӣ аз тарафи ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом Темур ифтитоҳ гардид. Амонзода И.Т. ба тамоми олимон ва ходимони илмии ҷавон мувафақиятҳои беназир дар корҳои илмиашон таманно намуданд.
Сипас аз рӯйи барномаи чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. дар мавзуи “Зеҳни сунъи ва таъсири он дар ҳаёти ҷомеаъ” баромад намуданд.
Баъд аз он, Шабозов М.Ш. Исҳоқов С.А., Ҷангибеков Г., Каримов У. ва Кобилов М. бо мавзуҳову дастовардҳои илмиашон семианри илмиро давом доданд.