Имрӯз 18-уми апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, бахшида ба “Рӯзи пойтахт”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и АМИТ Қурбонова Ширин, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Сангинзода Дониёр Шомаҳмад ва мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Академияи хурди илмҳои АМИТ Шарифзода Сураё ва инчунин хонандагони МТМУ-и №48-и ноҳияи Шоҳмансур, академикону докторон ва номзадони илму ходимони илмӣ ва доктарантону магистирон иштирок варзиданд.
Ин ҷаласаро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода А.О. оғоз намуда, оиди меҳнату машақатҳои мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ воқеан пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар карданаш, ки натиҷаи дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва талошҳои шаҳрдори ҷавон мебошад баромад намуд.
Сипас аз рӯйи барномаи чорабинӣ муаллимаи азиз Қурбонова Ширин оиди Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ баромад намуда, сокинои пойтахтро бо “Рӯзи пойтахт” табрик намуданд.
Баъд аз он Сангинзода Дониёр дар мавзуи “Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад” баромад намуда, қайд намуданд, ки фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки муҳаррики рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гардидааст.
Дар охири чорабинӣ аз тарфи директори Институт н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. меҳмонон бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.