Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Зери ин унвон имрӯз дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аксия бахшида ба 80 солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм баргӯзор гардид. Аксияи мазкур зери назари кумитаи иҷроияи ибтидоии "Хирадмандон"- и Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, ташкилотҳои ибтидоии "Ахтарон", "Риёзӣ", "Зилзиласанҷ" ва "Фотон" сурат гирифт.

Дар ҳамоиш Қурбонова Ширин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Хирадмандони ҲХДТ, Давлатов Зубайдулло, олимону докторон ва ходимони илмии Институт астрофизика, математика, физика ва техника, магистрону доктарантон иштирок варзиданд.

Дар оғоз директори Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф.м. Бӯризода А.М. баромад намуда, меҳмонҳоро ба ин даргоҳи илм хайрамақдам гуфт ва дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми ватани азизамон дар он суханрони намуда, дар симои ҳозирин ҳамаи сокинони кишвари азизамонро ба ифтихори ғалаба бар фашизм самимона табрик намуд.

Қурбонова Ширин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Хирадмандони ҲХДТ, ҳозиринро ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ табрику муборакбот гуфта аз давраҳои мудҳиши ин ҷанги хонумонсӯз ёдовар шуд. Қайд гардид, ки ҳар қатраи хуне, ки барои озодӣ ва истиқлол рехта шудааст, моро ба поси хотира, ягонагӣ ва сулҳ даъват мекунад. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки сулҳ — неъмати бебаҳо ва мероси азизе мебошад, ки бо нархи ҷонҳо ба даст омадааст.

Давлатов Зубайдулло дар рафти ҷаласаи аз саҳми Тоҷикистон, ки на танҳо ба ирсоли сарбозон маҳдуд намешавад ёдовор шуда, ҷонисориҳои мардуми меҳнатдӯст, ки бо тамоми ҳастӣ барои таъмини фронт дар ақибгоҳ кӯшиш мекарданд, қайд гардид. Корхонаҳо, колхозу совхозҳо, мактабҳо ва муассисаҳои илмӣ ҳама ба як маркази мубориза табдил ёфтанд. Занону пиронсолон, кӯдакон ва наврасон шабу рӯз меҳнат карда, либоси сарбозӣ медӯхтанд, ғизо ва лавозимоти зарурии ҷанг истеҳсол мекарданд.

Инчунин, дар кори ҳамоиш ходими пешбари илмии Инстути астрофизикаи АМИТ Нарзиев Мирҳусейн қайд намуд, ки ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи инсоният буда, тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва тақдири миллионҳо нафарро тағйир дод. Дар ин муборизаи сангин, ки солҳои 1941–1945 ба шӯравиҳо марбут буд, мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, бо далерӣ ва ҷонфидоӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистон, ки он замон як ҷузъи Ҷумҳурии Шӯравӣ буд, дар сафи муқаддаси ҳифзи Ватан саҳми арзанда гузошт. Аз солҳои аввали ҷанг, беш аз 300 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба фронт фиристода шуданд. Онҳо дар ҳама самтҳои муҳими ҷанг — аз муҳорибаи Маскав то озодкунии Берлин — ҷасурона ҷангиданд. Аз миёни онҳо ҳазорон нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Имрӯз, баъд аз 80 сол, мо — насли баъдиҷангӣ — вазифадорем, ки хотираи он рӯзҳоро гиромӣ дорем. Аксияи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад», ки дар Институти астрофизика АМИТ баргузор шуд, нишонаи эҳтироми наслҳои имрӯз ба қаҳрамониҳои гузаштагон аст.