Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ВОХУРӢ БО ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз (12.05.2025) бо мақсади тақвияти корҳо дар ҳошияи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ номзади илмҳои физика ва математика Рахимзода А. О. ба муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо хонандагони синфҳои 11 вохурӣ намуданд.

Зимни суҳбат масъулин таъкид доштанд, ки донишмандони ҷавон ба сафи кадрҳои Институтҳои таҳқиқотии АМИТ, аз ҷумла ба Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ лозим буда, ҳамавақт таер аст, ки онҳоро дар ҷодаи илм дастгирӣ намояд.

Воқеан ҳам насли имрӯзаи кишвар бисёр хуштолеъ мебошанд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо шароит ва имкониятҳои васеъро фароҳам оварда истодааст. Дар баробари ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонон бояд аз пайи дониш андухтану соҳибилм гардидан шуда, барои ватану миллати хеш саҳми арзишманд гузоранд.

Аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, риояи муқаррароти қонунҳои қабулшуда, махсусан се қонуни миллӣ - дар бораи танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ба ин васила мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.