Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ АМИТ

Имрӯз 16.07.2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ семинари илмии умумиинститутӣ баргузор гардид.

Дар семинар ходими калони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Чориев Умедулло дар мавзӯъи “Тарзҳои гуногуни ҷамъ намудани ададҳои натуралии аввалин бо дараҷаҳои се” баромад намуданд.

Дар семинар омӯзгорони фаннҳои риёзии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, устодон ва олимони соҳибмактаб ва ходимони илмӣ иштирок варзиданд.

Инчунин, дар доираи лоиҳаҳои Институт аз тарафи директори Институт н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. якчанд китобҳо ва монографияҳо барои якчанд омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур ҳадя карда шуданд.