“Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон ҳамеша тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавии босуръати кайҳонӣ терроризм ва инчунин экстеремизм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда истода аст, ки ин падидаи носолим ва омили хатарзо боиси ташвиши кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст. Аз ҷониби дигар дар минтақаҳои ором ва умуман ҷаҳон низ домани васеъ паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад, ки барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдиду хатарҳои худро эҷод менамояд.
Истилоҳи экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштан ва «терроризм» бошад аз калимаи лотинии «tеrrоr» сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Ҳамин тариқ, солҳои охир дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ пайваста истодаанд, ки ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ феълан торафт ва рӯз аз рӯз густурда мешавад. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.
Бар замми ин таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмуӣ оид ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун вазифаи муҳиммтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба таври пайваста саъю талош меварзад.
Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва ғайраҳоро ташкил медиҳанд.
Ҳадафи асосӣ аз онҳо пурзӯр намудани мубориза бо терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки муборизаи беамон бар зидди равандҳои хатарзо, яъне пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, сафарбар намудани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави кишвар масъулияти баланд, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва зиракии сиёсиро аз ҳар яки мо тақозо менамояд.
Мо бояд ба қадри давлати милливу Истиқлолияти давлатӣ расем, якпорчагии мамлакат ва Ваҳдати миллиро пос дорем ва ин неъматҳоро бояд аз бадхоҳони миллат ҳифз намоем ва барои пешгирӣ намудани амалҳои нангин, ҷалб кардан ва гаравидани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон ба гурӯҳҳои мусаллаҳонаи террористӣ ва экстеремистӣ, инчунин оид ба арзишҳои истиқлол ва барқарор намудани сулҳу суббот ва сулҳу ваҳдати миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии ҷавонон, инчунин дастовардҳои даврони Истиқлол дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ҳамзамон ваҳдатсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, бояд аз ҳарвақта дида бештар дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ба таври пайваста корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем.
Бо дарназардошти он ки шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро азбаски ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд.
Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри фош намудан ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд.
Пеш аз ҳама, дар ин самт саҳми падару модарон бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, боварӣ ҳаст, ки чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад.
Мо насли ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ зери боли Тоҷикистони озоду обод ва орому осуда камол ёфта, соҳиби касбу маълумот гардидаем, аз ин рӯ ҳамагон зуҳуроти номатлуби замон, яъне терроризму экстремизмро сахт маҳкум мекунем.
Мо ҷавонон Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлолро сидқан дӯст дошта, бояд баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани диёри худ ва марзу буми он ҳамеша саҳмгузор бошем. Зеро шаъну шараф ва обрӯю нуфузи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу,
номзади илмҳои физикаву математика,
директори Институти математикаи ба номи
А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон