Имрӯз 1-уми октябри соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи омӯзгор” дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ дар мавзӯъи “Омӯзгор - равшангари хиради башар” миззи мудаввар багузор гардид.
Ҷалассаро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода Алишер Орзу оғоз намуда, қайд намданд,ки омӯзгор шахсияте мебошад, ки бо меҳвари хирад ва нури маърифат роҳи зиндагиро равшан сохта, шогирдонро ба олами беинтиҳои дониш ҳидоят месозад ва маҳз зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон мақому манзалати волоро соҳиб шуданд. Инчуни, ба муносибати Рӯзи омӯзгорон тамоми устодони меҳрубону гиромиқадри кишвари азизамонро, табрику таҳният гуфтанд ва барои корҳои илмиву ояандашон муваффақиятҳоро таманно намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш академики АМИТ, д.и.ф.м., профессор Раҳмонов З.Ҳ, узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Исҳоқов С.А., узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.м., профессор Қурбонов Икром низ баромад намуда, аз мақому манзалати омӯзгорон ёдовар шуданд. Устодон таъкид карданд, ки омӯзгорон на танҳо равшангари роҳи илму маърифат, балки такягоҳи асосии ҷомеа мебошанд ва маҳз заҳмати онҳо заминаи рушди наслҳои оянда ва пешрафти Ватанро фароҳам месозад.
Дар фарҷоми баромад Раҳимзода А.О. ғолиби даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” миёни донишҷӯёни шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи математика Ҳусейнов Шоҳрухро бо дастовард табрик намуда, ӯро бо мукофот ҳавасманд гардонид.





