Имрӯз 17-уми декабри соли 2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори он кормандони илмӣ ва маъмурии институт фаъолона ширкат варзиданд.
Мизи мудавварро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои калидие, ки дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои миллат қарор доштанд, андешаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди илму маориф, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин, ходими калони илмӣ, н.и.ф.м. Шарифзода А. дар мавзӯи «Рушди маориф – масъулияти умумимиллӣ» маърӯза намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, ба баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии мутахассисони соҳибихтисос ва мутобиқ намудани низоми маориф ба талаботи замон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки пешрафти соҳаи маориф на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти умумимиллӣ буда, иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимон, омӯзгорон, падару модарон ва худи ҷавонон дар ин раванд аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.
Инчунин, мудири шубаи математикаи амалӣ ва механика д.и.ф.м. Кабилов М. зимни баромади худ вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни илм ва иқтисод иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Қайд гардид, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди илм ва технология табдил ёфта, татбиқи он дар соҳаҳои маориф, таҳқиқоти илмӣ, идоракунии давлатӣ ва истеҳсолот метавонад ба баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки омодасозии мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва тақвияти таҳқиқоти илмӣ дар ин самт аз вазифаҳои муҳимми рӯз маҳсуб меёбад.
Баъдан, дар ҷамъбасти чорабинӣ директори институт таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дастгирии соҳаи илм ва ташаббуси таъсиси институтҳои нави илмӣ, махсусан дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, аз аҳамияти бузурги стратегӣ бархурдор мебошад.





