14 январи соли 2026 дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар д.и.ф.м, профессор Кабилов М. дар мавзӯи
"Фильтрационное горение газов" маърӯза намуд. Иштирокчиён — олимони барҷастаи соҳаи математика, устодон, ходимони илмӣ, докторантону магистрантон — баҳси фаъолона анҷом дода, саволҳои худро оид ба усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои пешниҳодгардида ироа намуданд. Семинар ба мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни ҷавонон ва собиқадорони соҳа мусоидат кард.
Чорабинӣ дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён имконияти фарох ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ ва ташаккули равандҳои илмӣ фароҳам овард.





