Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки рушди фанҳои дақиқ ва тарбияи насли донишманду соҳибтафаккур заминаи асосии пешрафти давлат мебошад. Маҳз дар партави ин ҳидоятҳо ва бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Ҳ., дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)”, бахшида ба нашри осори нобиғагони илму маърифат — Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста, бо мақсади ҳамгироии мероси гаронбаҳои онҳо ба раванди таълиму тарбия, як қатор олимони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев имрӯз 18.02.2026с ба гимназияи хусусии “Тоҷикистон” ташриф оварданд.
Дар вохурӣ олимон Шарифзода Асадулло — номзади илмҳои физикаву математика, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ аз фанни математика, Шарифзода Машраб — ходими илмӣ ва роҳбари бахши математика дар Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, Садриддинов П.Б. — номзади илмҳои физикаву математика, роҳбари бахши информатика дар Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни баромад доир ба ҳаёт ва осори илмии ин абармардони таърих маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду судманд анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки омӯзиши мероси илмии ниёгон заминаи устувори рушди тафаккури мантиқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва ташаккули насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки чунин ташаббусҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои “Бистсола” нақши муҳим дошта, барои боло бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими таваҷҷуҳи ҷавонон ба фанҳои дақиқ мусоидат менамояд.





