Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МОДАР ЧАРОҒИ РӮШНОИ ЗИНДАГӢ

Ҳамасола 8 март ҳамчун Рӯзи занон ва модарон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва муҳаббати бепоён нисбат ба зан – модар мебошад. Зан – модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи созандаи ҷомеа аст. Маҳз бо ҳастии ӯ зиндагӣ маънои тоза гирифта, оила гармӣ ва ҷомеа устуворӣ меёбад.

Модар аввалин устоди фарзанд аст. Кӯдак аз оғӯши гарми модар сухан гуфтан, роҳ рафтан, одобу ахлоқ ва меҳру инсониятро меомӯзад. Агар ҷомеа обод бошад, ин пеш аз ҳама аз тарбияи дурусти модарон сарчашма мегирад. Зеро тарбияи насли солим ва соҳибмаърифат ба дӯши зан – модар вогузор шудааст.

Дар таърихи халқи тоҷик занон ҳамеша мақоми баланд доштанд. Онҳо на танҳо ҳамчун модару ҳамсар, балки ҳамчун шахсиятҳои барҷаста дар илм, фарҳанг, адабиёт ва сиёсат нақши муҳим бозидаанд. Занони тоҷик бо иродаи қавӣ ва меҳнати содиқона дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият доранд: дар маориф, тандурустӣ, иқтисод, фарҳанг, мақомоти давлатӣ ва соҳибкорӣ. Онҳо дар баробари мардон барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа нишонаи пешрафти давлат ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад.Зан – модар рамзи сабру таҳаммул аст. Ӯ дар лаҳзаҳои душвор пуштибони фарзандон ва такягоҳи оила мебошад. Меҳри модар беандоза ва фидокориаш бепоён аст. Ҳеҷ калима наметавонад бузургии қалби модарро пурра ифода намояд. 8 март на танҳо иди баҳор, балки иди эҳтироми зан аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба қадри модарон бештар бирасем, онҳоро гиромӣ дорем ва ҳамеша сухани нек ва рафтори шоиста нисбаташон дошта бошем. Эҳтиром ба модар эҳтиром ба зиндагӣ ва ояндаи миллат аст.

Дар оилае, ки зан соҳиби эҳтиром аст, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Зан бо хирад ва меҳрубониаш фазои сулҳу осоишро дар хонадон таъмин менамояд. Аз ҳамин сабаб, ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад ва оилаи солим бе ҳузури зан – модар тасаввурнопазир аст.Имрӯз давлат барои баланд бардоштани мақоми занон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои муҳим меандешад. Шароити мусоид барои таҳсил, фаъолият ва рушди занон фароҳам оварда шудааст. Ин ҳама нишонаи арҷгузорӣ ба ҷойгоҳи зан дар ҷомеа мебошад.

Модар офарандаи ҳаёт аст. Ӯ бо дуои некаш роҳи фарзандро равшан месозад. Ҳар дастоварде, ки инсон ба он мерасад, пеш аз ҳама самари тарбияи модар аст. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба зан – модар вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.Бигзор дар ин рӯзи фархунда лабханд аз чеҳраи модарон дур нашавад. Бигзор хонадонҳо пур аз меҳру муҳаббат ва зиндагӣ саршор аз файзу баракат бошад. Ба ҳамаи занон ва модарон саломатӣ, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав орзумандам.Зан – модар олиҳаи меҳр аст. То замоне ки модар ҳаст, зиндагӣ зебо ва ҷаҳон пурнур аст.Пас биёед, ҳамеша қадри онҳоро донем, бо сухани ширин ва рафтори нек дилҳояшонро шод гардонем ва муҳаббати бепоёнашонро пос дорем.

Аё модар мадори ман ту будӣ,
Гули аввал баҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Аё модар ба қурбони ту мирам,
Чу муҳру меҳру паймони ту мирам.
Ҷаҳон пур макру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

Сиришти ман, нигоҳи ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Дилам хоҳад равам бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯйи модар.
Тамоми рӯйи оламро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш чуз рӯйи модар.

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам,
Намемирам, ту эй модар, агар ман
Барои модари тоҷик бимирам.

Қаюмӣ Достон Даврон - ходими илмии Институти

математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ