Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАҲНАМОИ МО

Мусаллам аст, ки дар ҳар давру даврон ва ҳамзамон дар таърихи давлату давлатдории ҳар як халқу миллат марҳалаҳои хотирмон ва инчунин тақдирсозу фаромӯшнопазир зиёд ба вуқуъ мепайванданд. Ин гуна падидаҳои нодир дар ҳаёти миллати тоҷик қабл аз ҳама баробари ба таври пурра ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки он ҳам бошад санаи мубораки 9-уми сентябри соли 1991-ро дар бар мегирад.

Маҳз дар ин давра, яъне дар зарфи 33-соли расо ва хусусан дар ибтидои асри ХХI мо тоҷикон таҳти ҳидояту сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат, фарзонафарзанди миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як идда созандагию бунёдкориҳо даст задем, ки ҳамаи онҳо ба шарофати ин абармарди арсаи сиёсати бузург ба вуқуъ пайвастанд, ки дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт ёфта, барои ҳамешагӣ мондагору ҷовидонӣ маҳсуб меёбанд.

Зимнан бояд гуфт, ки чаҳор ҳадафи асосию стратегии пешгирифтаи Сарвари маҳбуби кишварамон Эмомалӣ Раҳмон: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлоли энергетикию амнияти озуқаворӣ ва инчунин саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд, ки имрӯзҳо марҳала ба марҳала ва ҳамзамон феълан низ амалӣ гардида истодаанд.

Тавре ҳамагон хуб огоҳ ҳастем Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати моро зиёда аз 150 кишвари олам ба таври расмӣ шинохтаю ҳамзамон онро эътироф кардаанд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо кишварҳои бешумори арсаи олам низ Аҳдномаҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баста, инчунин дар аксарияти мамлакатҳои дунё намояндагиҳои дипломатии худро ифтитоҳ кардаву аъзои якчанд созмонҳои зиёди бонуфузи сатҳи байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол имрӯз аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони ЭСКАТО, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ва ҳоказои дигар мебошад. Илова бар ин дар кишварамон фаъолияти намояндагиҳои Бонки рушди Осиё, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Оғохон, Бунёди мадад - Фонди Сорос гувоҳи он аст, ки роҳи пешгирифтаи ислоҳоти иқтисодии миллиамон ва дастовардҳои иқтисодию фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ва пайваста дастгирӣ меёбанд.

Аз ин лиҳоз, аксар кишварҳои мутараққии олам ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии моро низ пурра дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд. Сиёсати дарҳои кушод ҳам имрӯз яке аз ҳадафҳои асосию пешгирифтаи Роҳбари давлати соҳибистиқлолу Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рости гап ҳар гоҳе, ки ба гузаштаи начандон дури халқамон назар меафканем, пеши чашм симои марди хираду сиёсат, роҳбари Худодод ва нотакрор, абармарди хирадсолор ва марди басо ҳам дурандеш ва ғамхору дилсӯз муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон падид меояд, ки пайваста бо ҳамон азми қавӣ ва инчунин талошу бедорхобиҳояшон ба ин гуна дастовардҳою комёбиҳои муваффақонаи худ шуҳраи офоқ гардидаанд. Чунки ҳамаи ин дастовардҳои мо маҳз ба шарофати заҳматҳои хастанопазиру аз баракати сулҳу салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва инчунин муттаҳидӣ ва густариши Ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳамагон мебошанд.

Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо аз хурд то бузург бояд ҳамеша ва ҳама лаҳзаю соат шукрона аз Тоҷикистони соҳибистиқлолу инчунин Пешвою муаззаму раҳнамои худ намоем. Яъне шукрона аз Президенти мамлакат, ки пайваста аз пайи ободии мулк, бунёдкориву созандагӣ, беҳбудии рӯзгори ҳамватанон буда, забони модарияшро ба минбарҳои баланди ҷаҳон баровард, тоҷику Тоҷикистониёнро ба ҷаҳону ҷаҳониён чун миллати тамаддунофару бузургманишу озодазодагон муаррифӣ кард.

Бар замми ин гуфтаҳоямон мавсуф ба василаи эъмори роҳу шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳо мулкро аз бунбасти маҳдудиву сарбастагӣ ба ҷаҳони бекарон раҳнамун сохт, сохтмонҳои бузурги асрро аз қабили Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро ки корҳои илмию таҳқиқотии он ҳанӯз ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта аз ҷониби олими маъруфи рустабор Горбунов шуруъ гардидаву дар даврони Шуравӣ ҳамчун гӯшти шутурхӯрда ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, ин диловармард аз сари нав онро оғоз бахшид, эҳё намуд ва инак аллакай ду чархаи онро мавриди истифодаи умум қарор дода, соли нави 2025 чархаи сеюми онро низ мавриди истифода қарор хоҳад дод, ки он рӯз ҳам дур нест.

Илова ба ин гуфтаҳо симои пойтахти кишварамонро низ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва дар пеши чашмони мову Шумо ба куллӣ тағйир дода, онро ба маркази ташрифи сайёҳону ҷаҳонгардони бешумор мубаддал гардонид, ки айни замон Душанбешаҳри дилрабою нозанини ҳамаи мову Шумо шинохтанашаванда буда, бо биноҳои осмонбӯсу қасру кӯшкҳои бешумораш маълуму машҳури олам гардидааст.

Маҳз натоиҷи ҳамин гуна саъю талошҳои хастанопазир ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ баргашта, боз аз пайи обод намудани манзили аҷдодии хеш шуданд. Ин гуна иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба таври объективонааз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар сатҳи ҷаҳони бекарон муаррифӣ намуда, мақому манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам болову воло бардошт.

Маҳз натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин абармарди далеру шуҷоъ ва фидоиимиллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоят санаи27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони Истиқлол ба ҳисоб рафта, феълан ин падидаи нодир дар саҳифаҳои таърихбо ҳуруфи заррин сабт гардида аст

Дар фарҷом бояд гуфт, ки дар зарфи 33- соли роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёд, соҳибистиқлол, соҳибфарҳанг ва инчунин сарзамини дорои мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбору аз нигоҳи обу иқлим, боду ҳаво, манзараҳои дилрабо, кӯҳҳои осмонбӯсу дорои пиряхҳои азим, чашмаҳои дорои обҳои зулол ва шифобахшу мусаффо, кӯлу дарёҳои хурӯшон ва табиати нотакрору олами набототи бойю ҳайвоноти нодир, қуллаҳои сар ба афлок кашидаи барфпӯш ва инчунин урфу одатҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихию афсонавӣ ва тараққиёти босуръати устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон дар арсаи офоқ обрӯю эътибори хосаи худро пайдо кардаанд. Агар ҳамаи ин меҳрномаамонро ба гуфтаи шоираи ширинкаломи тоҷик Шаҳрия Аҳтамзод ифода намоем, хулосаи ниҳоиамон маҳз чунин аст:

Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори ваҳдат аст!

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, н и ф м, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Каримов О.Х. д.и. ф. м., Муовини директор оид ба илм ва таълим Назрублоев Н.Н. н. и. ф. м., Мудири шуъбаи алгебра, назарияи ададҳо ва топология