Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ШОҲНОМАХОНӢ"

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, санаи 24 апрели соли 2026 бо ташаббуси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, дар ташкилоти ибтидоии “Риёзи”-и КИИ "Хирадмандон" маҳфили "Шоҳномахонӣ" доир гардид.

Дар рафти маҳфил иштирокдорон аз шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — “Шоҳнома” порчаҳо қироат намуда, дар бораи аҳамияти таърихию фарҳангии он, нақши асар дар тарбияи ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, баромадкунандагон таъкид намуданд, ки “Шоҳнома” на танҳо як асари адабӣ, балки ойинаи таърих, рамзи ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи илҳом барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад, ки аз 120 достон 93 достони он ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи Ватан бахшида шудааст.

Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаи илм ва фарҳанг, бедор намудани эҳсоси ифтихори миллӣ ва гиромидошти арзишҳои маънавии ҷомеа мусоидат менамояд.

https://www.facebook.com/share/14bHXz2LgKj/