Бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илму маориф, инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи 20-солаи рушди илмҳои дақиқ, 5 майи соли 2026 устодони Институти математика ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 ташриф оварданд.
Дар ҷараёни дарсҳо ба хонандагон масъалаҳои муҳими математика ва дигар фанҳои дақиқ фаҳмонида шуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Инчунин, дар қисмати дуюми рӯз директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев ва ҳаммуаллифи китоби алгебраи синфи 7, ходими калони илмии институт, н.и.ф.м. Шарифзода А. ба муассисаи мазкур ташриф оварда, бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор намуда, дарси кушод доир намуданд.
Дар анҷом миёни устодон ва омӯзгорони муассиса мубодилаи таҷриба сурат гирифта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд. Инчунин ба хонандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Илм — фурӯғи маърифат», тавсияҳо дода шуда, аҳамияти онҳо ҳамчун омили муҳими рушду такмили дониш, дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин устодон дар бораи дастовардҳои назаррас ва муҳими илмии даврони истиқлолият, таъсиси лабораторияҳои замонавӣ ва рушди инфрасохтори илмӣ низ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, чунин иқдомҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифат, ташаккули тафаккури мантиқӣ ва бедор намудани шавқу ҳаваси устувори хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ нақши калидӣ дошта, ҳамчун омили муҳим барои ҷалби онҳо ба самтҳои афзалиятноки илм, аз ҷумла математика ва технология, хизмат менамоянд.












