Ҳамватанони азизу арҷманд!
Мардуми шарифи кишвар бо такя ба тафаккури тамаддунӣ, хислатҳои хоси эҳтиром, қадрдониву арҷгузории миллӣ ва ҳисси шукргузорӣ, аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад.
Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ - сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтанд ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои тақдирсозро анҷом додаанд.
Бешубҳа хизматҳои бузургу барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун як фарди ватандӯсти кишвар дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин навишта шудаанд.
Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки муҳаббату самимият нисбат ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбҳои тамоми мардуми кишвари азизамон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон ҷой гирифта, таҷассумгари маҳбубияту эътирофи ин чеҳраи сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарафманди кишвар бо нишони арҷгузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ нисбат ба хидматҳои нотакрори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанонамон муборакбод намуда, ба ҳар як сокини мамлакат зиндагии босаодат, рӯзгори обод ва ба Сарвари маҳбубамон дар амалигардонии нақшаҳои бузургашон баҳри таъмини пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саломатии қавӣ, хушбахтӣ ва нерӯи тоза таманно дорем.
Поздравительное послание Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали по случаю Дня Президента Республики Таджикистан
Дорогие соотечественники!
Уважаемые жители страны отмечают День Президента Республики Таджикистан с 2016 года в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О праздниках», основываясь на цивилизованном мышлении, особых качествах уважения, национальной признательности и благодарности.
16 ноября 1994 года на сессии Верховного Совета Республики Таджикистан состоялась церемония приведения к присяге и вступления в должность первого Президента Таджикистана уважаемого Эмомали Рахмона, избранного всенародным голосованием и начался новый политический этап в истории нашей государственности - президентская система правления.
Уважаемый Эмомали Рахмон – выдающийся исторический деятель таджикского народа, сыгравший значительную роль в укреплении государственности и достижении национального мира и единства, построении суверенного, демократического, правового, светского и социального государства, спасший нацию от распада, государство от разрушения, а народ от вынужденной войны, построил и внес значительный вклад в экономическое, социальное, историческое, культурное и политическое развитие независимого государства Таджикистан.
Несомненно, большие и выдающиеся заслуги уважаемого Эмомали Рахмона как Президента Республики Таджикистан и как патриота страны написаны золотыми буквами в страницах истории Таджикистана.