Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РУШДИ ИЛМҲОИ МАТЕМАТИКӢ, ИНФОРМАТИКА ВА МЕХАНИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 29 майи соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии “Рушди илмҳои математикӣ, информатика ва механика дар давраи истиқлолият”, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Конференсияро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. оғоз намуда, сухани ифтитоҳиро ба намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. доданд.

Сипас, намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баромад намуда, конференсияро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ, Хушвахтзода Қ.Х. ҳусни оғоз бахшида, дуруди президенти АМИТ-ро ба иштирокчиёни конференсия расониданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм ва маориф ноил гардидааст. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои инноватсионӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ заминаи мусоидро барои пешрафти илмҳои математикӣ, информатика ва механика фароҳам овардааст.

Қайд карда шуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040” имрӯз таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва рушди тафаккури техникӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот боз ҳам бештар гардидааст. Ҳамзамон, баргузор намудани чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба рушди робитаҳои илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои илмии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Раҳимзода А.О. меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар конференсияи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки баргузории ин ҳамоиши илмӣ инчунин дар асоси дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. роҳандозӣ гардида, ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таҳлили математикӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, алгебра, назарияи ададҳо, моделсозии математикӣ, информатика, зеҳни сунъӣ, механика ва методикаи таълими математика маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.