3 июни соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумии институт баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ҳидоятҳо ва сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020–2040), инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид.
Дар семинар унвонҷӯи Институт Нарзуллозода Парвиз Лутфулло бо маърӯза дар мавзӯи «Таҳияи модулҳои математикӣ ва компютерии беҳсозии раванди ҳифзи растаниҳо бо дарназардошти сохтори синнусолӣ-замонӣ ва тақсимоти фазоӣ» баромад намуд. Мавзӯи мазкур ба рисолаи илмии ӯ бахшида шуда, таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Одинаев Раҳим иҷро гардидааст.
Қобили зикр аст, ки Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ҳамчун муассисаи пешбар барои дифои рисолаи мазкур интихоб гардида, аз ҷониби роҳбарияти институт барои иҷрои ин вазифаи масъулиятнок розигӣ дода шудааст. Дар ин замина, натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда аз ҷониби олимону мутахассисони институт мавриди баррасӣ ва муҳокимаи илмӣ қарор гирифтанд.
Зимни маърӯза масъалаҳои марбут ба моделсозии математикӣ ва истифодаи технологияҳои компютерӣ барои баланд бардоштани самаранокии ҳифзи растаниҳо, таҳлили равандҳои биологӣ ва экологӣ, инчунин роҳҳои беҳсозии низоми ҳифзи растаниҳо баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи усулҳои муосири математикӣ ва технологияҳои рақамӣ метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён доир ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии таҳқиқот мубодилаи афкор намуда, барои такмили минбаъдаи рисолаи илмӣ як қатор пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.
Баргузории чунин семинарҳо ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таҳкими робитаи илм ва амалия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм ва технология мусоидат менамояд.







