30юми сентябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-009 баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯроро раиси Шӯро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С.А., оғоз намуда, дар он ҳимояи рисолаи илмии Ҳотами Раҳбарой Латифзода барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика ва математика аз рӯйи ихтисоси 1.1.7. Математикаи мантиқӣ, алгебра ва назарияи ададҳо сурат гирифт.
Роҳбари илмии унвонҷӯ академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Раҳмонов З.Ҳ. мебошад.
Мавзӯи рисолаи илмӣ «Распределение дробных частей квадратичного полинома, аргумент которого пробегает простые числа из короткого интервала» мебошад. Таҳқиқоти мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳимми назарияи ададҳо бахшида шудааст.
Зимни ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ унвонҷӯ Ҳотами Р. Л. натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуда, оид ба ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот, натиҷаҳои бадастомада ва аҳамияти илмии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар идомаи ҷаласа аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ва иштирокчиён ба муҳтавои рисола таваҷҷуҳ намуда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни таҳқиқот саволҳо пешниҳод карданд. Унвонҷӯ ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои дахлдор дода, мавқеи илмии худро оид ба натиҷаҳои таҳқиқот асоснок намуд.
Ҳимояи рисолаи илмӣ дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, Раёсати Шӯро ва аъзои он ба сатҳи омодагии илмии унвонҷӯ, мазмуну муҳтавои рисола ва натиҷаҳои бадастомада таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуданд.
Баргузории чунин ҳимояҳои илмӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ барои рушди таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи математика, омода намудани кадрҳои илмии ҷавон ва таҳкими иқтидори илмии кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Ҳимояи рисолаи мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илми ватанӣ, дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди корҳои илмӣ мебошад. Ин раванд дар заминаи сиёсати созанда ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ сурат гирифта, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахусус Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт , ба рушди соҳаҳои илмҳои дақиқ ва омода намудани насли нави муҳаққиқон пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафҳои Барномаи давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040 аҳамияти хосса касб менамояд. Ҳимояҳои илмӣ ва ба камол расидани муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои математикӣ барои таҳкими иқтидори илмии кишвар ва рушди минбаъдаи илми миллӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.









