Имрӯз, 16 ноябр дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар аксия олимону муҳаққиқон ҳамчун нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобу асарҳои арзишманди ӯро ба намоиш гузошта, доир ба мазмуну муҳтавои онҳо ва аҳаммияти илмию таърихии ин осор андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки асарҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон мебошанд. Омӯзиш ва тарғиби ин осор барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, густариши ҷаҳонбинии миллӣ ва шинохти таърихи пурғановати халқи тоҷик аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои илмӣ барои муаррифии осори таърихию илмӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.











