Имрӯз дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ноиби Президенти АМИТ, мудири шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ — доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ — доктори илмҳои техникӣ, академики
АБТА, Абдулазиз Абдуллофизович Ғаффоров иштирок варзиданд.
Дар раванди ҷаласа н.и.м.ф. Раҳимзода А.О директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ дар семоҳаи аввали соли 2025 баромад намуд.
Дар ҳисобот оиди фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, нашри корҳои илмӣ, нашри корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз рӯи лоиҳаҳо, номгӯйи мақолаҳо илмие, ки дар хориҷӣ кишвар ба чоп расидаанд, номгӯйи мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳуриявӣ ба чоп расидаанд ва маводҳои конфронс, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии назди муассиса, фаъолияти илмиву ташкилии муассиса маълумотҳо баррасӣ шуданд.
Ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ дар семоҳаи аввали соли 2025 аз тарафи ноиби президенти АМИТ Амонзода А. ва шунавандагон хуб пазируфта шуд.