Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Миззи мудаввар бахшида ба 23-юми феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ.

Имрӯз (20.02.2025) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар баргузор гардид.

Дар миззи мудаввар устодон ва собиқадорони Донишкадаи ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Суханро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ номзади илмҳои физика ва математика Рахимзода А.О. оғоз намуда, оиди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта ва қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳ дар сатҳи байналмилалӣ баромад намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеотҳо ва таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.