Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 23-ЮМИ ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 18 феврал бахшида ба 23-юми феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, кормандони илмӣ, магистрантону докторантон фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, аз нақши муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияту суботи кишвар, ҳифзи истиқлолу тамомияти арзӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба нерӯи боэътимоди ҳифзи давлату миллат табдил ёфтаанд.

Сипас, академики АМИТ,д.и.ф.м., профессор Илолов М. оид ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои рушду такомули он ва саҳми ҷавонон дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ академики АМИТ, д.и.ф.м., профессор Раҳмонов З.Ҳ. суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки эҳтиром ба ҳомиёни Ватан ва пос доштани арзишҳои давлатӣ омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорист.

Инчунин Аслониён С. бо ибрози андешаҳои худ зарурати ҳамбастагӣ, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории миллиро таъкид намуд.

Мизи мудаввар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар нақши ҷавонон ва зиёиёни кишварро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бозгӯ намуд.