Имрӯз, 30 апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ семинари илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар семинар устоди муҳтарам, олими барҷастаи тоҷик, академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Илолов М. дар мавзуи "Об одном численном методе решения дробного дифференциального уравнения " баромад намуданд. Инчунин дар семинар директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ н.и.ф.м Раҳимзода А.О., академикони АМИТ Шабозов М, узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А., д.и.ф.м. Ҷангибеков Г., Кобилов М., Каримов У.Х., Каримов О.Х.,Хайруллоев Ш.А. ва ходимони илмӣ, доктарантон ва инчунин магистрон иштирок варзиданд. Дар рафти семинар директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О, устодон Шабозов М. ва Исҳоқов С. А., Каримов У. Х., Каримов О.Х. баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оиди марузаи Илолов М. баён намуданд.





