Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ВАСЕЪИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз 3-юми сентябри соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари васеъи илмӣ дар мавзуи “Истиқлолият – сарчашмаи рушди Тоҷикистон” бахшида ба 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинар Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич - ходими калони шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, академики АМИТ Илолов М.И., академики АМИТ Шабозов М.Ш. ва якчанд устодону олимон,ходимони илмиву магистрон, инчунин хонандагони МТМУ-и №48 ва Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.

Семинарро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯравеи АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. оғоз намуда, қайд намуданд ки имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда ба сӯи шукуфоӣ қадам мегузорад ва 34 соли истиқлолият гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик қодир аст ҳама мушкилотро паси сар карда, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ созад.Аз ҷумла аз фурсад истифода бурда, Раҳимзода А.О. аҳли илмро бо Ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Сипас, академики АМИТ доктори илмҳои физика ва математика, профессор Илолов М. баромад намуда, дар бораи иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Дар давоми семинар академики АМИТ доктори илмҳои физика ва математика, профессор Шабозов М.Ш. маъруза намуда, оиди Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Истиқлоли комил қайд намуданд.

Инчунин, Давлатов З.А. баромади пурмуҳтаво намуда, зикр карданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта ва пурра эътироф гардидааст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари эътирофи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва дигар санадҳои байналмилалӣ, тавонист сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар арсаи ҷаҳон муваффақона амалӣ намояд.

Дар анҷоми семинар барномаи фарҳангии ҷолиб баргузор гардид, ки бо намоиши сурудҳои миллӣ ва рақсҳои анъанавӣ муҳити идона ва хотирмон фароҳам овард.