Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Каримов Олимҷон Худоӣбердиенич

  • Job
    чонишини директор
  • Specialized
  • Experience
  • Email

ҷонишини директор оид ба илм ва таълим,доктори илмҳои физикаю математика,барандаи ҷоизаи АМИТ ба номи С.У.Умаров  

Ба эҳёи илми математика дар Тоҷикистон ду чорабинии муҳими ҳукумати ҷумҳурӣ – дар солҳои 50-уми асри гузашта тайёр намудани муттахассисони ҷавон-математикҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва дар соли 1957 бо ташаббуси президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳо С.У.Умаров ташкил намудани шуъбаи физикаю математика дар АИ ҶТ мусоидат намуданд. Роҳбарии шуъбаро Л.Ш.Хоҷаев (солҳои 1957-1959), Л.Г.Михайлов (солҳои 1959-1962) ва А.Ҷӯраев (солҳои 1962-1964) ба ӯҳда доштанд. Дар ин давра бахши математикаи шуъбаи мазкур аз ҳисоби хатмкунандагон-математикҳои факултети физикаю математикаи ДДТ ва дигар мактабҳои олӣ, ба монанди Донишгоҳи Самарқанд ва дигарҳо бо муттахассисони ҷавон таъмин карда мешуд. Бо ташаббуси академик С.У.Умаров барномаи васеъи тайёр намудани муттахассисони баландихтисос дар бахши математикии шуъба ва махсусан, дар марказҳои бонуфузи математикии дигари Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Новосибирск, Воронеж, Киев ба роҳ монда шуд. Аввалин самараи ин ташаббус алакай дар аввали солҳои 60-ум пайдо шуданд. Аллакай дар нимаи дуюми солҳои 60-ум дар сектори математикаи шуъба 2 нафар докторони илм ва 14 нафар номзадҳои илм кор мекарданд.