Дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии ҳарҳафтаинаи шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ таҳти роҳбарии мудири шуъба, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷангибеков Гулхоҷа баргузор гардид.
Дар семинари мазкур доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ҷангибеков Гулхоҷа дар мавзӯи «О разрешимости одной системы двумерных сингулярных интегральных уравнений с разрывными коэффициентами» маърӯза намуд.
Зимни маърӯза масъалаҳои марбут ба ҳалшавандагии системаҳои дученакаи муодилаҳои интегралии сингулярӣ бо коэффисиентҳои кандашаванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои назариявӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар ин самт ба иштирокчиёни семинар пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои мубрами таҳқиқоти муосир дар соҳаи муодилаҳои интегралӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар кори семинар шогирдон ва дастпарварони профессор Ҷангибеков Гулхоҷа ходимони илмӣ, олимон, магистрантон ва докторантони Институт фаъолона иштирок намуда, пас аз маърӯза оид ба мавзӯи баррасишуда саволҳо пешниҳод карданд ва андешаҳои илмии худро баён намуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории мунтазами семинарҳои илмии шуъбаҳои Институт барои муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба миёни олимон ва муҳаққиқони ҷавон, инчунин ҷалби бештари магистрантону докторантон ба фаъолияти илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баргузории ҳар як семинари илмӣ, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва муҳокимаи масъалаҳои нави илмӣ дар маҷмӯъ ба таҳкими муҳити илмӣ ва рушди илми ватанӣ мусоидат менамояд. Дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ идомаи фаъолияти созанда дар самти рушди илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар мебошад.





