Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббуси навбатии байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, 22 июли соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда: ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор» баргузор гардид.Чорабиниро директори Институт, Раҳимзода Алишер Орзу, ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти таърихии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ кард. Зикр гардид, ки пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, суботи байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Сипас, Дайхудо Ваҳдат Умедҷон, сармутахассиси Раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар мавзуи «Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда: ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор» маърӯза намуд. Дар баромади худ ӯ моҳият ва аҳамияти қабули ин қатънома, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи сулҳу амният, инчунин саҳми ташаббусҳои Пешвои миллатро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мавриди таҳлил қарор дод.

Дар муҳокимаи мавзуъ иштирокчиёни мизи мудаввар андешаҳои худро оид ба аҳамияти ин ташаббуси байналмилалӣ, нақши сулҳу субот дар пешрафти илм, маориф ва рушди ҷомеа баён намуда, таъкид карданд, ки сулҳ ҳамчун арзиши олӣ барои рушди илмҳои бунёдӣ, тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён аз сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва баланд бардоштани маърифати сулҳпарварона изҳор доштанд.