Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

15 сентябри соли 2026, дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи «Бистсолаи рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» барои солҳои 2020–2040 ва дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид.

Дар семинар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институт Илолов Мамадшо дар мавзуи «О международном конгрессе математиков (МКМ) 2026» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза академик Илолов Мамадшо оид ба Конгресси байналмилалии математикон (International Congress of Mathematicians – ICM), аҳамияти он дар рушди илми математика ва нақши ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни математикони кишварҳои гуногун маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, дар маърӯза масъалаҳои марбут ба дастовардҳои муосири соҳаи математика, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва саҳми олимони математика дар рушди илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи семинар миёни олимону кормандони илмии Институт оид ба мавзуи матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифтанд.

Семинари мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ, тақвияти фаъолияти таҳқиқотӣ ва шиносоии кормандони Институт бо равандҳои муосири рушди илми ҷаҳонии математика аҳамияти муҳим дошт.