Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ

Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ соли 2005 дар натиҷаи муттаҳид  сохтани шуъбаҳои «Муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» ва  шуъбаи «Муодилаҳои физикаи математики» ташкил ёфтааст. Ҳоло вазифаи  мудири шуъбаро номзади илмҳои физикаю математика Б.А.Раҳмонов ба  ӯхда дорад. 

 

Бахтовар Абдуганиевич Раҳмонов 

номзади илмҳои физикаю математика, ходими калони илмӣ 

Шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ соли 2005 дар натиҷаи муттаҳид сохтани шуъбаҳои «Муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» ва шуъбаи «Муодилаҳои физикаи математикӣ» ташкил ёфтааст. То соли 2017 шуъбаро академики АМИТ Л.Г.Михайлов ба ўњда дошт. Ҳоло вазифаи мудири шуъбаро номзади илмҳои физикаю математика Б.А.Раҳмонов ба ӯҳда дорад.

 

Бахтовар Абдуғаниевич Раҳмонов 

номзади илмҳои физикаю математика, ходими калони илмӣ. 

Шуъбаи «Муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ» соли 1963 аз ҳисоби кормандони бахши муодилаҳои дифференсиалии Шуъбаи физика ва математикаи назди президиуми АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Асосгузор ва аввалин мудири он академик А.Ҷ. Ҷӯраев буд. Дар солҳои гуногун дар шуъба Д.М.Муртазоев, Р.Абдураҳмонов, А.Қозиев, А.Сангинов, Д.М.Қозиҷонова, С.Б.Бобоев, С.Байзоев, И.Сироҷиддинов, М.Нурублоев, Ҳ.Раҷабов ва Ф.Н.Ғафурова кор кардаанд. Тадқиқотҳои олимони шуъба бо роҳбарии А.Ҷ.Ҷӯраев, пеш аз ҳама, ба муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ бахшида шуда буданд.

 

Абдуҳамид Ҷӯраев
академик, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, 

лауреати мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид 
ба илм ва техника ба номи  Абуалӣ  ибни Сино.

Дар шуъба аввалин маротиба назарияи масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ дар соҳаҳои маҳдуди ҳамвор, ки дар ҳар як нуқтаи соҳа ҳам характеристикаҳои ҳақиқӣ ва ҳам комплексӣ доранд, сохта шудааст. Барои чунин намуд системаҳо А.Ҷ.Ҷӯраев аввалин шуда масъалаҳои канории табииро тартиб дод ва усули тадқиқи онҳоро бо истифодаи муодилаҳои интегралии дученакаи сингулярӣ дар соҳаҳои бисёралоқаноки маҳдуди канорадор муайян намуд ва баъдан онҳоро барои тадқиқи масъалаҳои корректӣ гузошташудаи ёфтааш, барои системаҳои умумии навъи эллиптикӣ дар ҳамворӣ татбиқ намуд. Ӯ тавонист исбот намояд, ки дар қатори масъалаи Дирихле ва Нейман чунин масъалаи корректии дигаре вуҷуд дорад, ки новобаста аз он, ки системаи навъи эллиптикӣ қавӣ эллиптикӣ аст ё не, дар соҳаи маҳдуди бисёралоқаноки ҳамвор фредголмӣ аст (масъалаи А). Дар ин асос ба ӯ муяссар гардид, ки назарияи масъалаҳои омехтаро барои системаи муодилаҳои ғайристатсионарӣ бо ҳосилаҳои хусусии муттааллиқи навъҳои классикинабударо созад.

 

Леонид Григоревич Михайлов
академик, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, 
лауреати мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид 
ба илм ва техника ба номи  Абуалӣ  ибни Сино

Ба кормандони илмии шуъба инчунин сохтан ва ташаккул додани масъалаҳои зерин тааллуқ дорад: 
•    назарияи масъалаҳои канории назарияи функсияҳо ва системаҳои навъи эллиптикӣ;
•     усулҳои тадқиқи системаи муодилаҳои интегралии бисёрченакаи навъи сингулярӣ дар бисёртасвираҳои канорадор дар синфи системҳое, ки дар геометрия татбиқ доранд; 
•     назарияи ҳалшавандагии системаи муодилаҳои эллиптикии дар сарҳад таназзулёбанда; 
•    аппарати таҳлили комплексии бисёрченака барои тадқиқи системаҳои фаромуайяни муодилаҳое, ки дар геометрияи дифференсиалии комплексӣ пайдо мешаванд; 
•    назарияи тағйирёфтаи ҳалшавандагии масъалаҳои канорӣ барои системаи муодилаҳои навъи эллиптикии сингулярӣ; 
•    ёфтани усулҳои татбиқи масъалаҳои таназзулёфтаи физикаи математикӣ, ки бо усулҳои маъмулӣ ҳалли онҳо ғайриимкон аст.
Шуъбаи «Муодилаҳои физикаи математикӣ» соли 1971 дар сохтори Шуъбаи физикаю математикаи назди раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки асосгузор ва мудири доимии он академик Л.Г.Михайлов буд. Дар солҳои гуногун дар ин шуъба Б.М.Билман, А.И.Ачилдиев, З.Ҷ.Усмонов, Н.Р.Раҷабов, Г.Назиров, А.Муминов, Г.Ҷангибеков, А.Мӯҳсинов кору фаъолият кардаанд. Дастовардҳои асосии кормандони шуъба аз коркарди
•    назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо коэффитсиентҳои сингулярӣ;
•     усулҳои тадқиқи системаҳои фаромуайяни муодилаҳои диффересиалӣ ва назарияи функсияҳои аналитикии бисёртағйирёбандаи комплексӣ;
•    назарияи синфи махсуси муодилаҳои интегралии навъи сингулярӣ бо ядрои якҷинса;
•    назарияи системаҳои умумикардашудаи Коши-Риман ба махсусияти қутбии тартиби 1-ум ва тартиби аз якум баланд дар коэффитсиентҳо
иборатанд. 
Имрӯзҳо дар шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои зерин гузаронида мешаванд:
•    назарияи масъалаҳои умумикардашудаи канорӣ барои муодилаҳои эллиптикии таназзулёбанда;
•    татбиқи методҳои назарияи функсияҳо дар назарияи масъалаҳои сарҳадӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ;
•    назарияи масъалаҳои ибтидоӣ-канорӣ барои муодилаҳои хаттӣ ва ғайрихаттии электродинамика;
•    назарияи ҳалҳои даврӣ ва қариб-даврии муодилаҳои дифференсиалӣ;
•    назарияи системаҳои эллиптикӣ дар ҳамворӣ.
 Дар шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ дар солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии академик Л.Г.Михайлов 4 нафар докторони илм ва 6 нафар номзадони илм рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дифоъ намуданд. 
Айни ҳол дар шуъба узви вобастаи АМИ Тоҷикистон И.Қурбонов (ҳамкор), номзади илмҳои физикаю математика Б.А.Раҳмонов ва  ходими илмӣ М.С.Шарифзода ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд.