Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Шуъбаи тарҳрезии математикӣ

Шуъба соли 1980 таъсис дода шудааст, ки онро аз рӯзи ташкилшавӣ то соли 2021 академик З.Ҷ.Усмонов роҳбарӣ мекард. Аз соли 2022 то ин ҷониб роҳбарии ин шуъбаро номзади илмҳои физикаю мтематика Ф.З.Раҳмонов ба ӯҳда дорад. Ба қатори кормандони он дар солҳои гуногун докторони илм С.Т.Наврузов, И.Ҷ.Нуров, М.К.Юнусӣ, номзадони илм М.А.Исмоилов, Т.И.Ҳаитов, Ҳ.Наҷмиддинов, Р.И.Саъдуллоев, А.Ғаффоров, П.А.Пӯлодов, М.Ғаниев, Х.Т.Мақсудов, М.Ч.Юсупов, Қ.Ҳ.Зоҳидов, Ю.Горелов, У.Ҳаитова, М.Саксонов, М.А.Умаров, З.Сангинов ва дигарон шомил буданд.

 

Раҳмонов Фируз Заруллоевич
      мудири шуъбаи тарҳрезии математикӣ,
      номзади илмҳои физикаю математика

Аз ҷумлаи дастовардҳои шуъба коркарди тарҳҳои математикии зеринро қайд намудан мумкин аст:
•    ҳодисаҳои мухталифи фавқулодда дар физика, механика, экология, ки бо ғайрихаттигии мураккаб ва бо системаҳои муодилаҳои дифференсиалии дорои ғайрихаттигии  мураккаб тавсиф карда мешаванд;
•    равандҳои ғайристатсионарии интиқоли гармӣ ва масса дар мавриди интиқоли маҳсулот ба воситаи қубур бо дарназардошти тағйири ҳолати табии модда дар муҳити атроф;
•    мушобеҳи стохастикии принсипи максимуми Понтрягин барои системаҳои идоракунӣ, ки бо муодилаҳои дифференсиалии стохастикӣ навишта мешаванд;
•     ташаккули маводи коллексионии табиаташ ихтиёрӣ; 
•    динамикаи сабзиши буттаи пахта;
•     динамикаи саршумори ҳашарот дар майдони пахтазор;
•    муқаррар намудани меъёри оптималии воситаҳои кимиёӣ ва биологии ҳифзи ҳосили пахта аз ҳашароти зараровар (дар ҳамҷоягӣ бо Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶШС Тоҷикистон);
•    таъмини силсилаи обанборҳои дарёи Вахш бо об ва тақсимоти об дар водии Вахш; 
•    бо гил пур шудани обанбори Норак ва аз нав ташаккул ёфтани соҳили обанбор дар натиҷаи лағзиш;
•     тақсимоти захираҳои обии дарёҳои аз сарҳад убуркунандаи Осиёи марказӣ;
•    тараққиёти иқтисоди Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозорӣ.

 

Зафар Ҷӯраевич Усмонов
академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, лауреати мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва техника ба номи  Абуалӣ  ибни Сино

Аз миёнаҳои солҳои 90-ум сар карда, дар шуъба автоматикунонии коркарди ахбор дар забони тоҷикӣ инкишофи васеъ ёфт. Алалхусус:

  • асосҳои таҳлили автоматии морфологии калимаҳои забони тоҷикӣ коркард шудааст;
  •  ҷобаҷогузории моҳиятан нави ҳарфҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар клавиатураи компютер ва телефонҳои мобилӣ пешниҳод карда шудааст;
  • тасвири омории ҷумлаи аз ҳама умумии забони тоҷикӣ;
  • кодиронии алфавитии калимаҳои забонҳои табиӣ пешниҳод карда шуд ва дар асоси он муайянкунии автоматии гуногунии анаграммаҳои калимашаклҳо дар асарҳои гуногун ва эҷодиёти нависандаҳо ва шоирони гуногун иҷро карда шуд;
  • модели математикии аз тарафи инсон қабул кардани маънои матни бо тарзи анограммӣ вайроншуда пешниҳод карда шуд;
  • навъи нави классификатори бузургии тасодуфӣ пешниҳод карда шуд, ки метавонад муаллифро аз рӯи порчаи матни нисбат ба талаботи дигар классификаторҳо кӯтоҳ муайян намояд.

Дар солҳои гузашта шуъба ҳаҷми зиёди тадқиқотҳоро иҷро намудааст, ки дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ татбиқ шудаанд:

  • системаи тақсимоти худкори пиллаҳои буғшуда дар худкори пиллакашӣ барои комбинати абрешимии шаҳри Душанбе коркард шуда, дар амал татбиқ карда шудааст;
  • барои заводи «Тоҷиктекстилмаш» зерсистемаи худкори баҳисобгирии таъминоти таҷҳизоти барқароркунанда коркард шудааст;
  • барои идораи хадамоти обуҳавосанҷӣ зерсистемаи  «Эфир» барои огоҳии фаврии ифлосшавии муҳити атмосферӣ бо партобҳои корхонаҳои саноатӣ дар амал татбиқ шудааст;
  • асосҳои математикии раванди оптималии тоза кардани экстраксия дар занҷири технологии экстраксияи ҷоринашаванда бо татбиқи натиҷаҳои он дар кашидани равғани ангак аз тилф коркард шудааст;
  • асоси математикии тарҳрезии автоматии ҷӯйчаҳои ғалтаки ғунчакунак барои заводи «Тоҷиктекстилмаш» сохта шудааст;
  •  ба воситаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон драйвери пештар сохташудаи ҷобаҷогузории ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи компютер бо дастур оиди шинонидани он барои истифода татбиқ карда шудааст.

Дар шуъба барномаи васеи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ дар муассисаҳои марказии мамлакат, ба монанди Маркази хисоббарории АИ ИҶШС, Институти проблемаҳои кибернетикаи АИ ИҶШС, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Институти кибернетикаи АИ ҶШС Украина ба роҳ монда шуда буд. Дар гузашта шуъба, умуман, вазифаи худро оиди тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар боби информатика иҷро намуд. Имрӯзҳо зиёда аз 40 номзадҳои илм ва 4 докторони илм, ки тайёрии илмии худро дар шуъбаи мазкур гузаронидаанд, аксарияти асосии муттахассисони баландихтисоси соҳаи информатикаро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. 

Муҳарири техникӣ:     Хакимова З.Љ.

Ороиши компютерӣ:   Рахмонов Д.Д.