Шодбошӣ ба муносибати рӯзи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо арзи эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббати беандоза мо ҷамъи кормандони Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шумо-Пешвои маҳбуби миллатро ба муносибати Рӯзи мавлудатон, ки ин рӯз барои миллати тоҷик ҳамчун рӯзи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва тулуъи наҷотбахти миллат маҳсуб меёбад табрик намуда, таманнои онро доранд, ки бигзор сиёсати пур аз меҳру муҳаббати Шумо болои сари миллати тоҷик соябон бошанд.
Бузургтарин дастоварди миллати точик дар тӯли 33 соли истиқлоли давлатӣ барқарор намудани сулҳу суботи миллӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, бедории миллӣ, тарбия намудани насли ватандӯст дар миёни тамоми аҳолии Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Шумо Президенти маҳбуби кишвар ба миллати тоҷик муяссар гардид.
Бо ҷонбозиҳо ва сиёсати хирадманодонаи Шумо имрӯз миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу сулҳпарвар шинохта шудааст. Фаъолияти сиёсии Шумо, ки тамоми ҷанбаҳои сайёраро фаро мегирад барои мардуми башарият дарс гардидааст. Имрӯз Шумо нафақат Пешвои тоҷикон балки Пешвои оламиён дар ҷоддаи сулҳу субот ва сулҳпарварӣ шинохта гардидаед, ки ин барои миллати тоҷик боиси ифтихор ва сарфарозист.
Бори дигар Шумо – Пешвои муаззами миллатро бо солрӯзатон табрик намуда, бароятон сиҳатмандии комил, қувваву нерӯи хастанопазир, саодати ҷовидон ва дар кори пурмашаққати давлатдорӣ комёбиву муваффақиятҳои пайваста хоҳонем!
Ҷашни мавлуд муборак бошад, Пешвои муаззаму раиятпарвари тоҷикони ҷаҳон!
Бо эҳтиром, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ
номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу