Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Паёми табрикотии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Конститутсия ҳамчун санади муҳимму сарнавиштсоз барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги ғановатманди қадима мебошад, таҳия шуда, бо назардошти шароити муосир инъикосгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Қонуни асосии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ва моҷароомези рӯзҳои нахусти ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардида, бузургтарин дасторварди даврони истиқоли кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои бузурги миллати тоҷик, яъне бунёди давлати мутамаддин, ки дар меҳвари он арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор дорад, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошт.

Муҳимтарин арзиши Конститутсия дар он ифода меёбад, ки аркони ҷомеаи мутамаддини кишварро мушаххас намуда, ҳамчун инъикосгари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равашангари роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷомеа мебошад. Қонуни асосӣ ҷиҳати муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими бунёди давлатдории мутамаддин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.

Ҳамин тавр, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои муҳимми мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намуда, дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамддинро гузошт. Имкон фароҳам овард, ки ҳаёти ҳуқуқӣ дар кишвар шакл гирифта, санадҳои муҳимми ба талаботи муосир қабул карда шавад.

Бори дигар 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сокинони кишвар муборак бошад.