Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, олимону докторон, муҳаққиқони илмӣ, магистрону докторантони Институт фаъолона ширкат варзиданд.
Дар оғоз директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Президенти кишвар ҳамчун раҳбари хирадманд, созанда ва миллӣ дар давраи истиқлолият барои таҳкими давлатдорӣ, суботу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти илм дар кишвар саҳми беназири таърихӣ гузоштаанд.
Ҳамзамон, Раҳимзода А.О. тамоми кормандони Институтро, аввал аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ва баъдан аз номи худ, бо ин рӯзи муҳим табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу осоиш, ӯҳдадориву садоқат ба давлат ва комёбиҳои нав таманно намуданд.
Сипас, академики АМИТ Шабозов М. маъруза намуда, дар бораи мақоми таърихӣ ва стратегӣ доштани роҳбарӣ ва сиёсати давлатӣ-ҳуқуқии Пешвои миллат, инчунин нақши Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои илму маориф, рушди иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуданд.
Дар анҷом, муовини директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , д.и.ф.м. Каримов О.Х. қайд карданд, ки таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои таҳкими эҳсоси миллӣ, арҷ гузоштан ба хизматҳои Пешвои миллат ва баланд бардоштани худогоҳиву ватандӯстии шаҳрвандон аҳамияти махсус дорад. Каримов О.Х. таъкид намуданд, ки роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар барои оромӣ, пешрафт ва рушди устувори ҳар як соҳа, аз ҷумла илм, заминаи боэътимод фароҳам овардааст.





14
Nov
