Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «МАТЕМАТИКА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР» БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР СОБИРОВ ТЕМУР САФАРОВИЧ: РӮЗИ ДУЮМ ДАР ДОИРАИ БАХШҲОИ ИЛМӢ

29 ноябри соли 2025 кори Конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир», ки ба 85-солагии профессор Темур Собиров бахшида шудааст, дар Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сатҳи баланд идома ёфт.

Рӯзи дуюм пурра ба кори бахшҳои илмӣ ихтисос дода шуда, олимон аз кишварҳои гуногун натиҷаҳои нави тадқиқотии худро дар самтҳои гуногуни илми математика пешниҳод намуданд.

Дар бахшҳо масъалаҳои зерин функсионалӣ анализ, таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, баррасии масъалаҳои спектралӣ, уравненияҳои сингулярӣ, поперечникҳо, масоили Дирихле ва таҳқиқоти амалӣ дар фазоҳои функсионалӣ, дифференсиалӣ ва интегралӣ–интегралӣ, мавзӯъҳои вобаста ба уравненияҳои дифференсиалии тартиби баланд, моделҳои физикӣ, масъалаҳои омехта, уравненияи Вольтерра ва дигар масъалаҳои марбут ба динамикаи математикию физикӣ алгебра ва назарияи ададҳо, маърӯзаҳо оид ба суммҳои тригонометрӣ, формулаҳои асимптотикӣ, масъалаҳои гурӯҳҳо ва алгебраҳои мураккаб, инчунин масъалаҳои муосири назарияи ададҳо, моделсозии математикӣ, математикаи ҳисоббарорӣ ва механика, муҳаққиқон моделҳои равандҳои табииро, усулҳои ҳисоббарорӣ, масъалаҳои гидрометеорология, зеҳни сунъӣ, моделсозии аграрӣ ва омӯзиши равандҳо бо усулҳои муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рӯзи дуюм нишон дод, ки ин ҳамоиш на танҳо платформаи муаррифии дастовардҳои илмӣ, балки воситаи муҳими тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия мебошад.

Кори бахшҳо дар рӯзи дуюм нишон дод, ки конференсия ба таври фарогир баргузорӣ шуда, муҳаққиқон имкони баррасии мавзӯъҳои замонавии математика, мубодилаи таҷриба ва тақвияти робитаҳои илмиро пайдо намуданд.