Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ЗАН - МОДАР ПОЯИ УСТУВОРИ РУШДИ ҶОМЕА

Баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин самт, ташаббусҳо ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бо ибтикори Роҳбари давлат заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам оварда шуд.

Аз оғози давраи истиқлолият масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатдорӣ эътироф гардид. Пешвои миллат дар паёмҳо ва суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки занон неруи созанда ва пояи устувори оила ва ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва тарбияи насли наврас аз аҳамияти стратегӣ бархурдор мебошад.

Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, роҳбарияти кишвар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», барои таҳкими сиёсати гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар доираи ин сиёсати давлатӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд, ки имкониятҳои нав барои ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва рушди иқтидори касбии онҳо фароҳам овард. Имрӯз шумораи занон дар мақомоти давлатӣ, сохторҳои қонунгузор ва соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ мунтазам меафзояд. Занони тоҷик ҳамчун вакилони мардумӣ, роҳбарони идораҳо, омӯзгорон, табибон, олимон ва соҳибкорон фаъолият доранд.

Яке аз иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст мебошад. Бо шарофати ин ташаббус ҳазорҳо нафар духтарон соҳиби таҳсилоти олӣ гардида, имрӯз ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди кишвар саҳм мегузоранд. Ин тадбир нишондиҳандаи таваҷҷуҳи давлат ба маърифат ва худшиносии занон мебошад.

Нақши зан ҳамчун модар дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи хос дорад. Зан-модар нахустин мураббӣ ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи фарзанд мебошад. Солимии муҳити оилавӣ ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст ба сатҳи маърифати зан вобаста мебошад. Аз ин рӯ, гиромидошти зан-модар, эҳтиром ба мақому манзалати ӯ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ аз вазифаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардааст, ки бе иштироки фаъолонаи занон рушди устувор имконнопазир аст. Занон дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ, дар пешбурди сиёсати давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзанда доранд. Онҳо ҳамчун муаррифгарони фарҳанги миллӣ ва арзишҳои инсонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолона иштирок мекунанд.

Дар маҷмуъ, сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон сиёсати дастгирӣ, эҳтиром ва эътирофи нақши онҳо ҳамчун неруи муҳими ҷомеа мебошад. Бо шарофати чунин сиёсати хирадмандона мақоми зан дар Тоҷикистони муосир таҳким ёфта, барои фаъолияти озоду самараноки онҳо дар ҳамаи соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Баланд бардоштани мақоми зан танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҷомеа низ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар гиромидошти зан-модар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва фароҳам овардани муҳити солими оилавӣ саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи пешрафта, босубот ва маънавиро бунёд намуд.

Ҳамин тавр, мавқеи шоистаи зан-модар дар сиёсати Пешвои миллат бозгӯи он аст, ки рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа бидуни иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст. Зани тоҷик имрӯз ҳамчун неруи созанда ва пояи устувори миллат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва шукуфоии кишвар нақши арзанда дорад.

Раҳмонов Бахтовар Абдуғаниевич - ходими пешбари илмии

Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраев АМИТ