Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ДИДАН НАМУДАНИ РАФТИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯҲОИ СИНО ВА ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТ ҲАМЧУН ҲАКАМОН

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, яке аз муҳимтарин ташаббусҳо дар самти рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон маҳсуб меёбад.

Дар доираи баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, довталабон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла «Технологияи иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ» ва «Барномасозӣ» донишу малакаи худро ба намоиш гузошта истодаанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо рафти баргузории озмун ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба тақвияти ҳамкории илм ва маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди илмҳои дақиқ, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории озмун дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ дидан намуда, бо шароити ташкили озмун, фаъолияти комиссияҳои ҳакамон ва сатҳи омодагии иштирокчиён аз наздик шинос гардид.

Қобили зикр аст, ки кормандони илмӣ ва устодони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ дар ҳайати комиссияҳои ҳакамони озмун фаъолона иштирок намуда, аз рӯйи бахшҳои"Математика", «Технологияи иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ» ва «Барномасозӣ» донишу маҳорати иштирокчиёнро арзёбӣ менамоянд. Иштироки мутахассисони Институт дар ҳайати ҳакамон ба таъмини шаффофият, адолат ва сатҳи баланди илмии озмун мусоидат мекунад.

Зимни боздид таъкид гардид, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барои баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир, рушди тафаккури мантиқӣ, ҷалби хонандагон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам меорад. Махсусан, дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ, чунин озмунҳо дар тарбияи насли навовар ва рақобатпазир нақши муҳим доранд.

Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ барои таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа, баланд бардоштани мақоми илм ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту донишманд аҳамияти махсус касб менамояд.

Иштирокчиёни озмун дар фазои рақобати солим сатҳи хуби дониш, қобилияти эҷодӣ ва маҳорати амалии худро ба намоиш гузошта, барои роҳ ёфтан ба даври навбатии озмун талош менамоянд.