23 ноябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ самимона табрик гуфт. Зимни суханронии худ директори Институт оид ба мақому манзалат, аҳамияти таърихию сиёсӣ ва рамзии Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуда, зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба онро таъкид кард. Махсусан қайд гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ифтихори ватандории мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати рамзҳои давлатии кишвар махсус таъкид карда шуд.
Дар идомаи суханронии худ директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои таваҷҷуҳи доимӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илм, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари олимону кормандони илмӣ ва саҳми арзанда дар рушди илми ватанӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, муовини директор оид ба илм ва таълими Институт, доктори илмҳои физикаю математика Каримзода Олим Худойбердӣ бо маърузаи таҳти унвони «Парчами давлатӣ — рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ» баромад намуда, дар бораи аҳамияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ ва ифодагари ҳувияти миллӣ андешаронӣ кард.
Баъдан, мудири шуъбаи моделсозии математикӣ Гулбоев Б. бо маърузаи худ таҳти унвони «Парчами давлатӣ ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон» баромад намуда, масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз тарафи директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу ба намояндагони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарону масъулони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд, саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф ва тарбияи ҷавонон, инчунин иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур Сипосномаҳо супорида шуданд. Ҳамзамон, ба як қатор курсантоне, ки рафтори намунавӣ, дониши хубу аъло доранд, бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинӣ дар фазои самимият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, бахусус Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда гузошт.









