Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶОДАИ РУШДИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ

Дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024

Дар масири таърихи башарият мусаллам гардидааст, ки ҳар халқу миллатеро дар ҷаҳон тавассути фарзандони эҷодкору донишманд, бофазлу ҳунар, далеру нотарс, муҳофизу хештаншинос, ватандӯсту содиқ мешиносанду эътироф мекунанд. Ҳар яке бо корнамоии хоси хеш оламро тасхир мекунад, шуҳратёр мегардаду оламгир мешавад. Ҳамин аст ки мегӯянд: «Халқ бо фарзанди оламгир оламгир шавад».

Дар замони имрӯз дар иддае аз мамолики ҷаҳон ашхоси хирадпешаю маърифатпарвар ва дурандешу ватанпараст низоми давлатдориро бар дӯш гирифтаанд, ки барномасозиҳои сиёсии онҳо бар пояи башардӯстӣ ва рушду такомули илму дониш, фарҳангу маънавият бунёд ёфтаанд. Аз ҷумлаи муҳимтарин ва умдатарин дигаргунӣ дар ҷавҳари сиёсати имрӯз зумрае аз роҳбарони миллатҳои худогоҳу дорои тамаддуни куҳан инсонгароӣ ва тавсеаи хиради одамиятро маҳаки корномаи хеш донистани онҳо мебошад ва Тоҷикистон дар ин шумор аст. Аҷдоди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро дастури аслии инсоният эътироф кардаанд, ки мавҷудияти башар ва саодатмандии неруи зеҳнию ҷисмонии ӯ иртиботманд ба ҳамин се нукта аст.

Дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳамин се рисолаи азалии инсон, ки дар дарозои таърих ниёгони мо таҷриба кардаанду иҷрои онро ба мо талқин бинмудаанд, роҳандозӣ мегардад. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов дар мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат» овардааст: «Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳалаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид».

Президенти мамлакат барои чун миллату давлати мустақил арзи ҳастӣ доштан ва инсонвор зистан дар ҷаҳони мутамаддин ва пурҳаводис шоҳроҳи бозу равшанеро дарёфтаанд. Оғозгаҳи ин гузаргоҳ аз хештаншиносӣ, рушди сармояи инсонӣ ва неруи зеҳнӣ шуруъ мегардад.

Инак, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки яке аз барномарезиҳо дар ҷодаи рушди неруи зеҳнии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ҳамчун «вологуҳаре дар булуринсадафи чархи куҳан» падид омад, ки ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳо, илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намуда, дастовардҳои шоистаи мамлакат ва комёбиҳои рӯзафзуни кишвари азизамонро нишон дода, чун шиори водоркунанда моро ҳушдор месозанд, ки Тоҷикистон «ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад». «Ва мо чи тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».

Ҷойи тардид нест, ки таҳаввули бунёдӣ дар фазои сиёсӣ, идеологияи миллӣ, фарҳанги ҳамзистӣ ва тафаккури бомаданияти ҷомеа бо корномаи Пешвои муаззами миллат, ки бо идроки сиёсӣ, маънавияти ахлоқӣ ва хирадгустарии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, иртиботи қавӣ ва ногусастанӣ дорад. Пешвои миллат бар ин андешаи дурбинонаанд: «Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад».

Дар ҷаҳони муосир фановарӣ ва технологияи информатсионӣ ба андозае тараққӣ карда, ки барои он вақту фазо номаҳдуд ва миллату нажод бетафовут аст. Дар натиҷа фарҳангҳою тамаддунҳои хурд ба ҳам махлут мешаванд. Раванди мазкур дар муҳити иҷтимоӣ ҷаҳонишавӣ унвон дошта, ки беихтиёр ҳама ҷоро фаро гирифтааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонишавиро «раванди беамон» хондаанд, ки дар радифи ҷанбаҳои мусбат дорои хусусиятҳои манфӣ низ мебошад. Вобаста ба ин таъкид намуданд: «Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».

Дар чунин дунёи пурҳаводис барномарезиҳои оқилонаи Пешвои миллат дар тавсеаи фазои демократӣ барои бартараф намудани костагиҳо ва рушду такомули неруи зеҳнӣ нақши меҳвариву калидӣ хоҳанд гузошт. Барои амалигардии ҳадафҳои олии инсонӣ Сарвари давлат ҳамеша бо дарёфти тавозуну таносуб дар ҳама ҷодаҳои фаъолият мекӯшанд, ки бо ҳусни таваҷҷуҳ ба вазъи идроку тафаккури ҷомеа иқдом намоянд. Аз ин рӯ, бо роҳбарии Президенти мамлакат «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эмин нигоҳ доштани миллат аз тамоюлҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ва татбиқи ин ибтикоротро дар доштани сатҳи баланди савод ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар будан ва гардонидани шаҳрвандон медонанд ва қайд мекунанд, ки танҳо чунин кишварҳо метавонанд ҳастии худро ҳифз кунанд: «дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд», зеро ҳоло дар кишварҳои дунё ихтироъкориву истеҳсол, истифодаи «зеҳни сунъӣ» ончунон густариш ёфтааст, ки ҳам давлату миллати ихтироъкорро машҳур мегардонад ва ҳам дар тамоми қаламрави ҷаҳони муосир мавриди истифода қарор мегирад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити вазнини солҳои навадум нигоҳ накарда, на танҳо фаъолияти Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро бо зерсохторашон қатъ накард, балки даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои илмии дигар таъсис дод.

Пешвои миллат, пеш аз он ки вобаста ба вазъи илму маориф мушаххасан сухан гӯянд, ҳозиронро ба сайри мухтасари таърихию воқеии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз си соли истиқлол раҳнамун сохтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал бо ҳисси баланди фарзанди содиқу вафодори Ватан будан чунин нукотро баён намуданд: «Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳали зисташон баргардондани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд».

Сипас, бо факту далелҳои раднопазир ва рақамҳои муқоисавӣ, доир ба, аз ҷумла, даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ мухолифату кашмакашҳои дохилиро ҳал кардан, пастравии иқтисоди миллиро боздоштан, барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои ҳарбӣ, яъне амалан дар ҷойи холӣ ба роҳ мондани фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳ, баъдан бунёду азнавсозии роҳҳо ва нақбҳои ба талаботи меъёри байналмилалӣ ҷавобгӯ, маблағгузорӣ барои тақвияти заминаи моддию техникии илми ватанӣ, мукаммалгардонии Академия ва табдил додани он ба Академияи миллии илмҳо, амалӣ намудани лоиҳои сармоягузории давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар соҳаи илму маориф, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ (аз 83%, ба 21,2%), равнақ додани соҳаи алоқаи мобилӣ, интернетӣ, сохта ва ба истифода додани меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таъсиси қариб пурраи ташкилоти қарзӣ (аз як ба 63 адад расонидан), тақсим намудани заминҳо барои манзили истиқоматӣ, бо мақсади пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ба аҳолӣ тақсим намудани замин, ки бо номи «заминҳои президентӣ» машҳур шуд, амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат, иқдомҳо ва амалишавии онҳо барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, шароити мусоид фароҳам овардан барои пасандозкунии аҳолӣ дар бонкҳо, ҷудо намудани маблағҳои бунёдӣ ба соҳаи илм ва маориф, бунёди муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада, ҷудо намудани бурсия, квотаҳо ва грантҳо, дар баробари Академияи миллии илмҳо такмили Академияи кишоварзии Тоҷикистон, бо дастгирии олимон таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, қабул намудани қатъномаҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба обу иқлим ва варзиш, қадрдонӣ намудани довталабону донишмандон бо мукофот, ҷоиза ва унвонҳои давлатӣ, шароит муҳайё кардан барои сарфароз гардидани олимону донишмандон ба ҷоизаву унвон ва мукофотҳои сатҳи байналмилалӣ ва амсоли инҳо хотиррасон намуда, маълумот доданд ва таъкид карданд, ки коршиносону муаррихон ва муҳаққиқону шореҳон, мутахассисону донишмандон дуруст ва дақиқкорона омӯзанд, холисона, содиқона, беғаразона бисанҷанд ва ҳама паҳлуҳоро давра ба давра вобаста ба ҳолату вазъият муқоиса намуда, баҳогузорӣ намоянд.

Баъд аз пешниҳоди маълумоти мушаххас, Пешвои миллат таъкидан ва бо ҳисси нигаронӣ иброз намуданд, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯйи талаботи замон нест. Пешвои миллат бо таассуф баён карданд, ки саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Дар ин замина Ҳукумат вазифадор гардид, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва барои ба ҳадаф расидан ислоҳоти ҷиддӣ дар ин сохтор гузаронад. Пешвои миллат вобаста ба сатҳи пасти самаранокии таҳқиқоти илмӣ, таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо, масъалаи ҳавасмандкунии кормандону мутахассисони илм, дар муассисаҳои олии кишвар татбиқ намудани раванди робитаи илм бо истеҳсолот, вобаста ба синну соли олимони фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот ва корхонаҳои хусусӣ ва байналмилалӣ, ниёзманд будани ҷумҳурӣ ба мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар, дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо, ҳифзи анъанаи бостонии мардуми тоҷик дар мавриди пайванди наслҳо сухан гуфтанд ва таъкид намуданд, ки: «Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд. Ҳамаи аҳли нишаст хуб медонанд, ки тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо мебошад». Пешвои миллат ҳамчунин аз бесамарии натиҷаи сафарбарнамоии ҷавонон ба муассисаҳои илмии хориҷӣ, бемасъулиятии роҳбарони илмӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои илмии шогирдони ҷавон, аз пайомадҳои ногувори ин раванд, огоҳ набудани олимони тоҷик аз дастовардҳои олимони хориҷӣ бо сабаби надонистани забони англисӣ, ташвишовар будани мавқеи шаҳрвандии олимону донишмандон, камбудиҳо дар раванди фаъолияти санҷиши парвандаҳои довталабон дар Комиссияи олии аттестатсионӣ, ҷой доштани асардуздӣ, нигаронӣ намуданд. Пешвои миллат баъд аз пешниҳоди чунин таҳлилҳо вобаста ба хотима додани фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигари олимону донишмандон ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар, ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон, тарбия, дастгирӣ ва пешниҳоди истеъдодҳои ҷавон аз ҷониби донишмандони варзида дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва пурраву босифат иҷро намудани барномаҳои давлатӣ, истифодаи дурусту самараноки маблағҳои буҷетӣ ва грантҳои байналмилалӣ, таъсис додани синфхонаҳои амаливу таҷрибавӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба сабаби ба талабот посухгӯ набудани теъдод ва сифати фаъолияти паркҳои технологӣ такмил додани онҳо, зарурати таъсиси факултетҳои нав, коркарди заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсис ва рушди зерсохтори инноватсионӣ дар соҳаи маориф ва илм, ташкили сохторҳои идоракунии соҳа ва омода кардани насли нави кадрҳо бо тахассуси олӣ аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ, талаб намудани натиҷаҳои самарабахши илмиро дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва «зеҳни сунъӣ», зарур ва ҳатмӣ будани саҳми олимон дар татбиқи стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ», нишон додани самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар татбиқи илм, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва дар ин замина, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намудани Тоҷикистон, бозбинии фаъолияти раёсату шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, таҷдиди назар намудани таносуби сарбории таълимиву илмӣ, ҳавасмандкунии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба рейтингҳои байналмилалӣ, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифу таҳияи мавзуъҳои илмии буҷетӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муайян ва арзёбии давра ба давраи лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ, пешниҳод кардани натиҷаҳои илмии бадастомада ба таври мушаххас ба Президенти мамлакат таъкидан талаби қатъӣ карданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд ва вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, дастур доданд, ки сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат таъсис дода шавад.

Инсоният арзишҳои маънавиеро, ки аз оғози шинохти хеш ба онҳо мувоҷеҳ гардидааст, дар шакли китоб нигоштааст. Эътиқодмандии тоҷикон ба китоб ҳанӯз аз қаъри қарнҳо маншаъ гирифта, бо раҳнамоӣ ва талқин ба навиштан ва мутолааи китоб намудани Президенти мамлакат ин эътиқодмандӣ боз ҳам бештар шуд. Китоб манбаи дониш, раҳнамои роҳи рост аст. Адами китоб мавҷудияту пойдории миллатро зери суол қарор медиҳад, зеро нишонаҳои аслии ҳастии ҳар қавму миллат таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг аст, ки ҳамагӣ дар китоб навишта мешаванд ва тавассути он аз насл ба насл мегузаранд. Бо китоб ҳамдам гардидани наврасону ҷавонон, омили маърифатманд шудани ҷомеа мешавад, яъне “мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзанд. Масири кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва таъиноти инсонро дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд.” – мегӯяд профессор [С. Ятимов дар мақола-тақризи «Дар бораи як китоби дарсӣ» (Душанбе, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»].

Гиреҳи асосии мушкилот он аст, ки сатҳу сифати таълифи китоб чӣ гуна аст? Агар адами китоб мавҷудияту пойдории миллатро зери суол қарор диҳад, сатҳи пасти сифати таълифи китоб бероҳӣ ва гумроҳиро зери суол мегузорад.

Рушду нумӯи миллат бо хусусият, анъана, урфу одат, ҷаҳонбинии миллӣ ва дигар омилҳои асосӣ вобастагӣ дорад ва ин ташаккулу ривоҷ дар муҳити давлат, амнияти мавқеи ҷуғрофӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамбастагии ногусастанӣ дорад, дар ин маврид пояи тафаккури миллӣ худшиносию худогоҳии миллӣ аст. Худшиносии миллӣ устувор бошад, ҷаҳонбинии миллӣ мустаҳкам мегардаду тавсеа меёбад, зеро мағзи он аз таърих, забон, фарҳанг, ифтихори миллӣ ва дигар захираву ганҷинаи маънавии миллат асос ёфтааст. Таърихи куҳану навин гувоҳ аст, ки буни зимоми босуботи давлатдорӣ дар заминаи чунин арзишҳо мустаҳкам мегардаду аз худ ба дунё дарак медиҳад. «Муташаккилӣ ва устувории ин система (давлат – Г. Ж.) аз фаъолияти муназзами соҳаҳои он, ки дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва ҳамоҳангии якдигар қарор доранд, сарчашма мегирад. Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳими сиёсати давлатдорӣ аст» [С. Ятимов «Дар бораи як китоби дарсӣ» (Душанбе, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»].

Аз ин рӯ, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки “мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд.

Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд”.

Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб таълифи босифати китобҳои дарсӣ мебошад. Бояд ҳангоми таълифи китобҳо вобаста ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фаннҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, зеро, бешак, вазъи ҷаҳони имрӯз моро водор месозад, ҳарчи бештару беҳтар бад-ин васила ҷомеаи кишварро аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир ҳифз намоем ва Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад».

Президенти мамлакат аз олимону донишмандон тақозо бинмудаанд, то асарҳое таълиф кунанд, ки зеҳни ҷомеа неруманд шавад, наврасону ҷавононро ба шинохти таърихи миллат ва ҷаҳони мутамаддин бихонанд. Меҳри Меҳан бо василаи осори раҳнамунсози онҳо ба қалб ва шараёни аҳли ҷомеа маскан гирад.

«Донишмандону олимони имрӯзаи тоҷик бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқдисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир, дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани техникаву технологияҳои навин ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ вобаста мебошад».

Пешвои миллат такроран таъкид намуданд, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бузургтарин ва муқаддастарин неъмати зиндагӣ – истиқлолият ва озодиро ба ягон чиз ва ҳаргиз иваз накунем, нисбат ба тақдири давлату миллат ва ҳар як шаҳрванд бетараф набошем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ваҳдати миллиро абадан пойдор гардонем, бахусус, ҷавонони бонангу номус ба умеди дигарон набошанд. “Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо неруи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем”. Яке аз пайомади бади асосии сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ аст ва маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз чунин бадбахтиҳост. Аз ин рӯ, имрӯз соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро мехоҳад – иброз доштанд, Пешвои миллат.

Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат бовар ва эътимод доранд: “Мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд. Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед”.

Он чӣ аз корсозиҳо ва таҳлилҳо ва барномарезиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушду тақвияти неруи зеҳнии миллати соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик қаламдод кардем, қатрае аз уқёнуси муҷаллои беканор аст ва ин қатра низ ҷилое дорад, ки хиради азалӣ ва роҳбарии фитрии Пешвои муаззами тоҷикони дунёро дар худ таҷассум намудааст.

Профессор С. Ятимов дар мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат» овардааст: “Идеяҳое, ки Пешвои муаззами миллат солҳои тулонӣ расман эълон медорад ва онҳоро дар таҷрибаи амалӣ исбот менамояд, аз нигоҳи мантиқӣ, илмӣ, ҳақиқатнигорӣ ва воқеъбинӣ мукаммалтарин ва пешқадамтарин ғояи маънавӣ дар масири таърихии рушд, пойдории миллати тоҷик ва давлатдории он мебошанд”.

Мо – муҳаққиқону донишмандон, олимону омӯзгоронро месазад, ки беш аз ҳар вақти дигар бо шукргузорӣ аз чунин Роҳбару Пешво, бо шукргузорӣ аз истиқлол, бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ бо шукргузорӣ аз шароити мусоиди кору фаъолият бикӯшем, ки ба бовару эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошем, содиқона, беғаразона, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрванди ин сарзамин будан, ки он чун Тоҷикистон “дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд”, ҳамчун фарзанди ин миллату халқ, аҳли илму маориф будан дар рушди илму маориф бо таҳқиқу омӯзиш ва таҳияву татбиқи асарҳои илмӣ “бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд”.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,

ректори Донишгоҳи байналмилалии

забонҳои хориҷии Тоҷикистон

ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор