Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН АРЗИШ БА ЭҲЁИ ТАМАДДУН ВА СОЗАНДАГӢ

“Истиқлолият – шаҳомат, шараф, неъмат ва муқаддастарин дастоварди миллат аст.” – Эмомалӣ Раҳмон.

Ин ибораи равшан ва пурмазмуни Пешвои миллат ба он маънист, ки истиқлолият барои мо тоҷикон на танҳо нишонаи як давлат, балки шиор ва арзиши абадист, ки бидуни он ин миллати куҳанбунёд ҳеҷ истиқомати комил надошт.

Ба ҳама маълумаст, ки истиқлолият воқеан бузургтарин арзиш ва неъмати бебаҳои таърихӣ барои ҳар як миллат ба шумор меравад, зеро он заминаи эҳёи тамаддун ва созандагӣ мебошад. Миллат танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ метавонад чунин арзишҳоро дошта бошад:

Мероси таърихӣ ва фарҳангиро эҳё мекунад. Яъне ҳангоми истиқлолият имконият пайдо мешавад, ки суннатҳо, забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллӣ эҳё ва гиромӣ дошта шаванд;

Тамаддуни хоси миллӣ рушд мекунад. Ба туфайли истиқлолият миллат метавонад анъанаҳои миллӣ, илмӣ, адабӣ ва маънавии худро бо дастовардҳои муосири ҷаҳон пайваст намояд;

Созандагии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Истиқлолият шароит фароҳам меорад, то давлат сиёсати мустақили иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро пеш барад ва барои некӯаҳволии мардум барномаҳои созанда татбиқ менамояд;

Шинохти миллӣ тақвият меёбад. Яъне дар партави истиқлолият шаҳрвандон ҳисси масъулият, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пайдо мекунанд;

Иттиҳоди ҷомеа таъмин мегардад. Яъне миллат ва шаҳрвандон дар атрофи арзишҳои истиқлолият муттаҳид шуда, барои пешрафт ва ободии кишвар талош меварзанд.

Хулоса, истиқлолият рамзи озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллат буда, калиди эҳёи тамаддун, пешрафти маънавӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.

Имрӯз маҳз истиқлолияти давлати ва ягонагии миллӣ сабаб шуд, ки миллати мо тавонист аз нав ба тамаддуни бузурги гузаштаи худ рӯ овард.То замони соҳибистиқлолӣ бисёре аз арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ зери таъсири дигарон камранг шуда буданд. Вале баъди истиқлол:

Забону фарҳанг эҳё гардид;

Мероси илмӣ ва адабии гузаштагон зинда шуд;

Тамаддуни миллӣ бо дастовардҳои ҷаҳонӣ ҳамқадам гардид;

Шароити созандагӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омад.

Ҳамин тавр, истиқлолият ба миллати мо тоҷикон имконият дод, ки дар партави хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гузашта илҳом гирифта, имрӯзро созем ва барои ояндагонамон тамаддуни нав бунёд кунем.

Аминов Асламбек Собирович-номзади илмҳои физикаю математика, котиби илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраевӣ АМИТ.