Имрӯз, 26 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси шӯрои диссертатсионӣ оиди баррасии пешакии диссертатсияи Савлатзода Франсуан Сангмамад дар мавъзӯи "Поликрен-функсияи Бергман барои функсияҳои аналитикӣ ва поликерн-операторҳои онҳо" барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз руи ихтисоси 6D06100-математика:6D060101-Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ" баргузор гардид.
Дар ҷаласа пешниҳод карда шуд, ки барои баррасии диссертатсия комиссияи экспертӣ ташкил карда шавад.
Инчунин, дар охири ҷаласа ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" аз номинатсияи математика Ҳусейнов Шоҳрух бо Сипосномаи роҳбарияти Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ сарфароз гардонида шуд.





