Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.KOA-009 ОИД БА ҚАБУЛИ ДИССЕРТАТСИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ

Имрӯз, 4 марти соли ҷорӣ, дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-009 баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи қабули диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа масъалаи қабули диссертатсияи ду нафар докторанти институт баррасӣ гардид:

• Қаюмӣ Достон Даврон дар мавзуи «Формулаи асимптотӣ дар муаммои умумикардашудаи тернарии Голдбах бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар», таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика Хайруллозода Ш.А.;

• Ҳасанзода Раҷаббек Ҳасан дар мавзуи «Методи таҷзияи Адомян дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва функсионалӣ-дифференсиалӣ бо тартиби касрии ҳосила», таҳти роҳбарии академики АМИТ Илолов М.

Диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D06100 – Математика, аз ҷумла 6D060102 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ ва 6D060107 – Мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо пешниҳод гардидаанд.

Зимни ҷаласа хулосаи комиссияи экспертӣ шунида шуда, инчунин муққарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва санаи баргузории ҳимоя таъин карда шуданд.

Бо дастгирии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушди илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисосро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, аз ҷумла математика, тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. низ пайваста таъкид менамояд, ки унвонҷӯён бояд бо масъулияти баланд, сатҳи волои илмӣ ва риояи пурраи талаботи аттестатсионӣ рисолаҳои худро омода намуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳимоя намоянд.

Итминон меравад, ки унвонҷӯён бо такя ба дастовардҳои илмии худ ва дастгирии роҳбарони илмӣ, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва бо сифати баланд рисолаҳои худро ҳимоя намуда, сафи олимони ҷавони кишварро ғанӣ мегардонанд.

Баргузории чунин ҷаласаҳо боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими мактаби илмии математика ва рушди неруи зеҳнии мамлакат маҳсуб меёбад.