Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025–2030)» ва дигар ташаббусҳои муҳими давлатӣ баргузор гардида, идома ёфта истодаанд.
Имрӯз, 8-уми апрели соли 2026 дар Институт семинари калони илмӣ аз субҳ оғоз ёфт. Сараввал, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз аҳамияти рушди илми муосир, нақши он дар пешрафти ҷомеа, инчунин дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд. Мавсуф ҳамчунин таъкид намуданд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, барои таҳкими пояҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди таҳқиқоти бунёдӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷом, директори Институт ба кори семинар барору комёбӣ орзу намуда, онро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Баъдан академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Раҳмонов З.Ҳ. бо мавзуи “Средние значения функций Чебышёва с экспоненциальным весом в коротких интервалах и короткие тригонометрические суммы с простыми числами” баромад намуда, паҳлуҳои муҳими назариявии таҳқиқоти худро шарҳ доданд ва аҳамияти онҳо дар назарияи ададҳо ва таҳқиқоти муосири математикӣ таъкид гардид.
Сипас, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С.А. бо мавзуи “О некоторых классах эллиптических операторов с несогласованным вырождением” маърӯза намуда, натиҷаҳои нави илмиро дар самти таҳлили операторҳои дифференсиалӣ ва масъалаҳои марбут ба онҳо пешниҳод намуданд.
Дар идома академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Шабозов М.Ш. бо мавзуи “Точные значения некоторых поперечников класса функций, определённых модулями непрерывности и производных дробного порядка (комплексный случай)” баромад намуда, натиҷаҳои муҳими худро вобаста ба назарияи функсияҳо ва таҳлилҳои комплексӣ муаррифӣ карданд.
Ҳамин тавр, семинари илмӣ дар фазои илмии озоду созанда идома ёфта, байни иштирокчиён мубоҳисаҳои судманд сурат гирифтанд. Иштирокчиён доир ба мавзуъҳои пешниҳодшуда саволу ҷавоб намуда, андешаҳои илмии худро баён карданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» барои рушди тафаккури илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.







