Дар доираи чорабиниҳои «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» санаи 10 апрели соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари муҳими илмӣ баргузор гардид.
Дар семинар мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механика д.и.ф.м. Кабилов М.М. бо маърӯза дар мавзуи «Вобастагии параметрҳои асосии сӯзиши филтронаи омехтаи метану ҳаво аз таркибии он» баромад намуданд.
Дар кори семинар директори Институт Раҳимзода А.О, олимону устодони соҳаи математика, инчунин ходимони илмӣ, докторантон фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар фазои баҳси илмӣ масъалаҳои муҳими усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид ва барои иштирокчиён имконияти васеъ ҷиҳати ошноӣ бо натиҷаҳои нави таҳқиқотӣ фароҳам овард.








