Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ

Дар партави сиёсати маорифпарварона ва илммеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони илмӣ ва масъулини сохторҳои институт иштирок намуда, фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Ҳисоботи муфассалро директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу ироа намуд. Зимни маърӯзаи худ мавсуф оид ба натиҷаҳои бадастомада дар самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, иштироки олимони институт дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷрои лоиҳаҳои илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмии институт дар доираи чор лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби олимону муҳаққиқони муассиса даҳҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ватанию хориҷӣ ва маҷмуаҳои конференсияҳои байналмилалӣ ба нашр расонида шудаанд. Ҳамзамон, барои солҳои 2026–2030 чор лоиҳаи нави илмӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ намояндаи шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, фаъолияти Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраевро дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фаъолияти илмӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба пешрафти минбаъдаи муассиса мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми ҷаласа, иштирокчиён натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026-ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати иҷрои босифати нақшаҳои минбаъдаи илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқот, афзоиши нашрияҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои ҷавони илмӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.